Ҳанифа Мавлонова
Мавлонова Ҳанифа Муҳиддиновна — 30 январи соли 1924 Ленинобод — соли 2010 ИМА) — сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ-драмавӣ). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон1951. Ҳунарпешаи халқии СССР (1968).[1]
Ҳанифа Мавлонова | |
Таърихи таваллуд | 30 январ 1924 |
Зодгоҳ | Хуҷанд ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2010 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Навъи садо | Сопрано |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишҲанифа Муҳиддиновна Мавлонова 30 январи соли 1924 шаҳри Ленинобод) ба дунё омадааст. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро сjkb 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952-1959). Пас аз хатми омӯзишгоҳ с-ҳои 1937-1939 дар Театри тамошобинони ҷавонон, 1939-1943 дар Театри мусиқи Ленинобод кор кардааст. Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш Мавлонова роли Санавбарро дар драмаи мусиқии “Санавбар”-и Р. Ҷалил бозида, муваффақият пайдо мекунад. Аз соли 1943 ӯ ба ҳайси солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.. Мавлонова аз соли 1967 то нафақа доцент ва мудири кафедраи вокалӣ ва тайёрии операвии (1970) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст.
Солҳои охири ҳаёташро Ҳанифа Мавлонова дар ИМА гузаронида онҷо соли 2010 вафот кардааст. Қабраш дар шаҳри Душанбе аст.
Образҳои саҳнавӣ
вироишБеҳтарин партияҳои ӯ дар саҳнаи ин театр:
- Маҳин (“Тоҳир ва Зӯҳро”-и Александр Степанович Ленский),
- Татьяна, Лиза, Мария (“Евгений Онегин”, “Моткаи қаромашшоқ”, “Мазепа”-и П. И. Чайковский), Аида, Дездемона, Леонора (“Аида”, “Отелло”, “Трубадур”-и Ҷ. Верди),
- Гулрӯ (“Пӯлод ва Гулрӯ”-и Шарофиддин Сайфиддинов),
- Малоҳат (“Бозгашт”-и Ёқуб Сабзанов),
- Сурма (“Домоди номдор”-и С. Ю. Урбах),
- Тоска (“Тоска”-и Ҷ. Пуччини),
- Ярославна (Князь Игорь”-и А. П. Бородин) ва ғ.
Овози Мавлонова хеле бақувват ва ширадор буда, хушифодаву таъсирбахш аст. Ҳунарпеша ҳиссиёти ботинӣ ва олами маънавии қаҳрамонони худро табиӣ ва фасеҳ ифода мекунад. Қаҳрамонҳои Мавлонова занҳои дилрабо, пурҳарорат ва ҳасос буда, баҳри идеалҳои олӣ мардонавор мубориза мебаранд. М. дар консертҳо, радио ва телевизион мунтазам баромад карда, беҳтарин сурудҳои халқӣ ва классикии тоҷик, асарҳои бастакорони республика, рус ва ғарбро тарғиб менамояд. Мавлонова ба Муғулистон, Польша, Вьетнам, Канада, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон сафари ҳунарӣ кардааст. Ӯ на танҳо дар инкишофи опера, санъати мусиқӣ ва театри тоҷик, балки дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон саҳми калон гузоштааст.[2]
Мукофоту ҷоиза
вироиш- Бо орденҳои Ленин,
- Байрақи Сурхи Меҳнат,
- “Нишони Фахрӣ”
- ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Пайвандҳо
вироишАдабиёт
вироиш- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9C%D0%B0%D0%B2%D0%BB%D1%8F%D0%BD%D0%BE%D0%B2%D0%B0,_%D0%A5%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D1%84%D0%B0_%D0%9C%D1%83%D1%85%D0%B8%D0%B4%D0%B4%D0%B8%D0%BD%D0%BE%D0%B2%D0%BD%D0%B0
- ↑ Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1984, - с. 85