Ҳилол Каримов (Каримов Ҳилол Каримович; 15 майи 1908, ноҳияи Конибодом1985) — забоншинос, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҳилол Каримов

Зиндагинома

вироиш

Ҳилол Каримов 15 майи соли 1908 дар шаҳри Конибодом дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Собиқадори маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, соли (1973) профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1963), Аълочии маорифи халқи СССР (1972). Дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна се сол (то соли 1932) хондааст.

Шуъбаи тайёрӣ, баъд худи аспирантураи Институти марказии татқиқоти илмии педагогии миллатҳои РСФС-ро хатм кард (1932—1935).

Фаъолияти корӣ

вироиш

Солҳои 1935—1941 референти комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, ходими илмии Институти тадқиқоти илмии мактабҳо буд. Солҳои 1941—1946 дар сафи Артиш хидмат кардаву дар ҷабаҳоти ҷангӣ зидди гитлерчиён ҷангидааст.

Солҳои 1946—1951 ҷонишини вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон будааст. Соли 1951 кори дипломатиро ба кори омӯзгорӣ иваз кард ва ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор омад. Ҳамзамон директори ИТИИП (1954—1961) буд. Аз соли 1961 мудири кафедраи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳилол Каримов муаллифи чандин китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла китоби «Алифбо» буд, ки аз 1933 47 маротиба нашр шудааст, ҳамчунин муаллифи «Забони форсӣ» (барои синфҳои 5-6-и мактабҳои миёна) буд. Баъзе бобҳои китоби «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро навишта, дар тартиб додану таҳрири як қатор луғатҳо иштирок кардааст.

Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2), вакили анҷумани 2 умумииттифоқии муаллимон буд.

Даргузашт

вироиш

Ҳилол Каримов соли 1985 дар синни 77-солагӣ аз олам гузашт.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо 2 ордени «Нишони фахрӣ», чандин медал ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.