Ҳокимияти қонунбарор

Ҳокимияти қонунбарор - маҷмӯи салоҳият оид ба эҷоди қонунҳо буда, одатан ба воситаи парлумон мақомоти олии умумимиллии намояндагй, ки ба таври демократй интиҳоб гардидааст, ба амал бароварда мешавад. Парлумон вобаста ба шакли идоракунии давлат вазъи ҳуқуқии гуногун дорад, вале сарфи назар аз ин вазифаи қонунбарорӣ аксаран ба он тааллуқ дорад.

Парлумони ТоҷикистонМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баъзе ҳолатҳои дар Конститутсия ва қонунҳо пешбинишуда, халқ низ бевосита дар қонунқабулкунй иштирок менамояд. Ин ҳолат дар вақти ба воситаи раъйпурсй қабул шудани қонун зоҳир мешавад.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 511