Ҳуқуқи ширкат варзидан дар дар маҷлис, намоиш ва роҳпаймоиҳои осоишта

Ҳуқуқи ширкат варзидан дар дар маҷлис, намоиш ва роҳпаймоиҳои осоишта — яке аз воситаҳои иштироки шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, татбиқи ҳуқуқи онҳо ба ширкат дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта мебошад (моддаи 29). Мувофиқи моддаи 20 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 21 Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи хуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ шаҳрвандон бояд барои бо мақсадҳои осоишта ва бе силоҳ гирди ҳам омадан, фаъолияти ҷамъиятии худро дар шакли гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта дар доираи талаботҳои бо қонунгузорӣ пешбинигашта амалӣ гардонидан ҳуқуқ дошта бошанд. Амалигардонии ин ҳуқуқ ба ҳеч ваҷҳ маҳдуд карда намешавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҷамъияти демократӣ, амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ, осудагии аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигарон пешбинӣ шудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 531