Ҳуқуқ ба муроҷиат — шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ дорад шахсан ва е якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд (модцаи 31). Ҳуқуқи мазкур ба шаҳрвандони ҶТ нигаронида шудааст, вале аз он хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта низ истифода мебаранд, зеро дар моддаи мазкур меъёри манъкунанда ҷой надорад. Ғайр аз ин, ҳамин ҳуқуқ ба ноболигон низ тааллуқ дорад. Ҳуқуқи шаҳрванд ба муроҷиати хаттӣ ва ё шифоҳй, аз номи худ ва ё дастҷамъона ба мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ имкон медиҳад, ки ба кори мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллии интихобии худ таъсири муайян расонида шавад. Маҳз бо ҳамин роҳ алоқаи байни давлат ва шаҳрванд таъмин гардида, он ба ҳокимият имкон медиҳад, ки ба эҳтиёҷоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони ҷудогона саривақт эътибор диҳад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 517