Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ
Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ — яке аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон мебошад. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо ҳориҷ гардад. Ҳуқуқи мазкур ба шаҳрвандон имкон медихад, ки берун аз таркиби давлат иттиҳодияҳо ташкил намоянд ва барои ташаккул ва изҳори иродаи халқ мусоидат кунанд. Таъсисдиҳандагон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бояд шаҳрвандони ба синни 18-солагӣ расида, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон шахсони 14-сола, иттиҳодияҳои бачагона бошад, 10-солаҳо бошанд. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон бармеоянд. Ба ҳеч гуна маҳдудкунии ин ҳуқуқ, ғайр аз ҳолатҳои бо қонун барои таъмини бехатарии давлат ва ҷамъият, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар пешбинишуда роҳ дода намешавад. Дар баъзе кишварҳо ин ҳуқуқ нисбат ба хизматчиёни ҳарбй ва кормандони полис маҳдуд карда шудааст, ки он низ мазмуни муайяни иҷтимоию сиёсӣ дорад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 517 - 518