Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд - унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд, институти аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва умуман тамаддун аст. Назария ва амалияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таърихи бисёрасра дошта, дар ҳуҷҷатҳову санадҳои гуногуни таърихи башар инъикос ёфтааст, ба монанди Эъломияи истиқлоли ИМА (с. 1776) (русӣ: Декларация независимости США, Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (с. 1789) (русӣ: Декларация прав человека и гражданина, Эъломияи ҳуқуқи башар (с. 1948) (русӣ: Всеобщая декларация прав человека ва ғ.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ҳуқуқҳои фитрии инсонро дар моддаи 5 мустаҳкам кард. Боби дуюми Конститутсия бошад, пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандро дар назар дорад, ки табиатан (новобаста аз давлат ва ҷои зисту сукунат) мансуби ҳар як фард мебошанд.
Ҳуқуқҳои шаҳрванд - ҳуқуқҳои шаҳрванди Тоҷикистонро дар назар дорад. Озодӣ - соҳаи бо хуқуқ кафолатгаштаи мухторияти фард аст, ки дар ҳудуди он шахс мустақилона, мувофиқи хоҳишаш амал мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – вазъи ҳуқуқии шахс ба воситаи маҷмӯи хуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқи амалкунанда инъикос ёфтаанд, муайян мегардад. Асоси вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд бошад, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ба тарзи конститутсионӣ муқаррар гардидаро дарбар мегиранд. Барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳо воситаи худифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқати дар ҷомеа ташаккул ва инкишофёбӣ, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод хос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ ба иштирок дар идораи ҷомеа, ки узви он аст, таъмини шароити зарурии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо шакли махсуси ҳуқуқии муқаррар ва мустаҳкам гардидан хусусиятноканд. Онҳо дар санади олии ҳуқуқии давлат - Конститутсия, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, мустаҳкам карда мешаванд.[1]
Дар мамолики демократӣ Омбудсман (англ. ombudsman), тоҷикӣ - додовар - шахси мансабдоре, аз тарафи Президент таъйин ва ё аз ҷониби Парламент бо мақсади назорат бурдан барои риояи Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳо интихоб карда мешавад.
Пайвандҳо
вироиш- Ташкилотҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ:
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 6 октябри 2016 сол.,
- Права человека в Таджикистане на портале УВКПЧ ООН(англ.)
- Доклад о ситуации с правами человека в Таджикистане (2010) Бойгонӣ шудааст 26 ноябри 2011 сол. Государственный департамент США
- Документы БДИПЧ ОБСЕ и СНГ о выборах в Таджикистане
- Интервью омбудсмена З. Ализоды(пайванди дастнорас) 2010(англ.)
- Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
- Раздел о Таджикистане доклада «Международной амнистии» за 2011 год
- Бюро по правам человека и соблюдению законности Бойгонӣ шудааст 15 марти 2012 сол.
- Таджикистан на портале «Human Rights Watch»(рус.)
- Разделы о Таджикистане доклада ХРВ за 2009(пайванди дастнорас)(англ.), 2010 и 2011 Бойгонӣ шудааст 3 апрели 2015 сол. годы
- Таджикистан на портале «Права Человека в Центральной Азии» Бойгонӣ шудааст 5 марти 2012 сол.
- Официальный сайт Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан Бойгонӣ шудааст 6 ноябри 2016 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 533-534