Ҷавонон (деҳа, н. Ҳисор)

(Тағйири масир аз Ҷавонон (деҳа дар Ҳисор))

Ҷавонон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Турдибобо то маркази ҷамоат 2 км ва то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 3383 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Ҷавонон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3383 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ҷуғрофиё вироиш

Аз қисмати шимоли Ҷавонон роҳи калони автомобилгарди Душанбе-Ҳисор, аз қисмати поёнии Ҷавонон роҳи автомобилгарди Душанбе — Қалъаи Ҳисор мегузарад. Ҷамоат аз самти ғарб ба деҳаи Чилчинори Ҷамоати Деҳқонобод ҳамсарҳад мебошад[2].

Иқтисод вироиш

Мардум асосан ба кишоварзӣ машғул буда, ҳосили баланд ба даст меоранд, инчунин дар корхонаҳои саноатии ҳудуди Ҷавонон кор мекунанд. Дар Ҷавонон як мактаби миёнаи ба номи Лоиқ Шералӣ, коллеҷи тиббӣ, маркази саломатӣ, ҶММ «Авитсена» ва хоҷагии таълимию таҷрибавии «Ҳисор»-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои тарбияи фарзандони деҳа ва рушди иқтисодию иҷтимоии он хидмати арзандаро ба ҷо меоранд[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 652