Ҷазои қатл — ҳамчун намуди ҷазо дар банди «к» м. 47 ва м. 59 Кодекси ҷиноятии ҶТ нишон дода шудааст.

Мувофиқи м. 59 Кодекси ҷиноятии ҶТ — ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисной танҳо барои ҷиноятҳои зерин муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қ. 2 м. 104), таҷовуз ба номус (қ. 3 м. 138), терроризм (қ. 4 м. 179).

Ҷазои қатл ба занон ё ашхоси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир намуда таъйин карда намешавад.

Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин асn ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад.

Ҷазои қатл танҳо ба сифати ҷазои асосӣ дар ҳолатҳои дар санксияи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинишуда таъйин гардиданаш мумкин асг. Тартиби иҷрои ҷазои қатл дар КҶ ҶТ муайян гардидааст.[1]

Донистаниҳо вироиш

Ҷазои қатл дар кишварҳои алоҳидаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати якумрӣ иваз карда шудааст.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 548