Манзур Раҳимович Ҷалилов — доктори илмҳои геология ва минералогия (1974). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1991), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Манзур Ҷалилов
Манзур Раҳимович Ҷалилов
Таърихи таваллуд 1933(1933)
Зодгоҳ 1994
Фазои илмӣ академик,олим

Зиндагинома вироиш

Манзур Раҳимович Ҷалилов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1956), ихтисос – «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: стратиграфияи русубҳои депрессияи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсоя, систематика, экология, тақсимоти палеозоогеографии гастроподи регзор ва давраҳои рушди онҳо. Мудири шуъбаи палеонтология ва стратиграфияи Институти геология (1978-1994), директори Институти геология (1988-1994), саркотиби илмии АИ Тоҷикистон (1989-1991), ноиби президент, раиси Шуъбаи илмҳо оид ба замини АИ Тоҷикистон (1991-1994).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с

Пайвандҳои беруна вироиш