Деҳоти Исмоили Сомонӣ

(Тағйири масир аз Ҷамоати Исмоили Сомонӣ)

Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ — ҷамоатест дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон.

Маҳалли аҳолинишин
Исмоили Сомонӣ
Исмоили Сомонӣ
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия Деваштич
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ (2011) 13309 тан
Номи қавмӣ ғончигӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷойгоҳ вироиш

Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ дар шимолу ғарби ноҳияи Деваштич дар зери қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда аз шимолу ғарб бо Ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан зиёда аз 30 км ҳаммарз мебошад. Аз тарафи шарқ бо Ҷамоати Калининобод, аз шимолу шарқи бо Ҷамоати Чавкандаки ноҳияи Истаравшан, аз тарафи шимол бо ноҳияи Истаравшан, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди Ҷамоат 12117 га аст.

Иқлим вироиш

Иқлими мавзеъ субтропикии хушк буда, ҳаҷми боришотӣ аз 500 то 700 мм буда ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳҳои июн-июл 30-35 С, дар кӯҳҳо 12-15 С, дар моҳи январ −2-6 ва дар кӯҳҳо −12-15 С хушк мебошад.

Ҷуғрофияи табиӣ вироиш

Сатҳи паҳни ноҳамвори теғадори Туркистон аз шимол ба ҷануб аз 500 метр то 4743 метр тадриҷан баланд шуда маркази Ҷамоат дар баландии 1050 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Ҷамоат аз захираҳои табии масолеҳи бинокорӣ (гил, хок, сангҳои таҳкурсӣ, сангҳои барои истеҳсоли оҳак) санги мармар бой мебошад. Хокҳои Ҷамоат асосан хоки хокистарранги тира, зардхок, шағалхок, инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. Хоки минтақаи бешазори арча ва доманаи кӯҳсор қаҳваранг ё худ доминаранг буда, поёнтар ба гашти дашт он ба тирахаки кушод ва зардхок таҷлил меёбад.

Набототу ҳайвонот вироиш

Дар ҳамвории доманакӯҳҳо дар баландиҳои (1000—1900 метр) набототи биёбонию нимбиёбони эфемирҳо, шибоғ, шутурхор, ҷӯробак, кавар, ковук ва ғайра, дар куҳҳо дар баландиҳои зиёда аз 1100—1900 дар биёбони дамои хӯшадорҳо, лубиёҳо, гулҳо, буттаҳои зирк, настаранг, бодомӣ, бодоми талхак ва ғайраҳо мерӯянд. Дар водиҳои ноҳия бошад зироатҳои маданӣ, гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка, нахуд, лаблабу, шалғам, турб, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, харбуза, каду, ангуру тут, себ, нок, шафтолу, зардолу,гелос парвариш меёбанд. Олами ҳайвонотро юрмон, харгӯш, рӯбоҳ, гург, хуки ваҳшӣ, ҷайра, хирси мала, оҳу, бузҳои ёбоӣ; паррандаҳо: кабк, мурғи ҳилол, мастка, зоғ, уқоб, бургут, мусича, гунҷишк, фароштурук, акка, кабӯтари ёбоӣ, бедона, булбул; Моҳиҳо: ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонағафс-хазандаҳоро мор, калтакалос, сусмор, каждум, калпеса намояндагӣ мекунанд[1]

Деҳоти ҷамоат вироиш

Деҳаҳои Ҷамоати Исмоили Сомонӣ
Деҳа Аҳолӣ
Хӯҷаҳо
Калининобод (деҳаи н. Ғончӣ)
Каҷровут
Қалъаи Хоҷӣ
Сунбулканд
Сурхоб (деҳаи н. Ғончӣ)
Сурхобча
Шоҳон
Дархон

Пайвандҳо вироиш

  1. Ҷамоати Исмоили Сомонӣ. 2 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 марти 2016.