Ҷонон Икромӣ (12 июн 1936, Сталинобод27 июл 2012, Душанбе) — кимиёдон, доктори илмҳои кимиё (1977), профессор (1979).

Ҷонон Икромӣ
Таърихи таваллуд 12 июн 1936(1936-06-12)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 июл 2012(2012-07-27) (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия[d] (1977)
Алма-матер

Зиндагинома вироиш

Ҷонон Икромӣ 12 июни соли 1936 дар шаҳри Душанбе дар хонадони нависанда Ҷалол Икромӣ ба дунё омадааст[1].

Хатмкардаи факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Маскав (1959). Лаборант, ходими илмӣ (1959—1968), мудири лабораторияи кимиёи материалҳои фториди холиси Институти химияи АФ ҶШС Тоҷикистон (1968—1989).

Аз соли 1990 ба кори эҷодӣ машғул буд. Бобати омӯзиши хосиятҳои фториди филизҳои ишқорзамин ва нодирзамин таҳқиқот анҷом дода, чандин гидрофториди филиззоти ишқорзаминро синтез ва хосияти онҳоро муайян кардааст. Баъзе усулҳои дарёфтаи Ҷонон Икромӣ, аз ҷумла истеҳсоли фториди холиси филиззоти ишқорзамин ва литий дар истеҳсолот, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Пажӯҳишҳои Ҷонон Икромӣ дар соҳаи кимиёи ғайриорганикии фториди филиззоти ду ё севалента сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст. Дар мавриди фторидҳои комплексӣ низ таҳқиқот анҷом додааст.

Осор вироиш

  • Рефрактометрическое исследование кислых фторидов щелочноземельных металлов // Докл. АН СССР, сер. химическая. 1967. Т. 174, № 6;
  • Исследования в области химии неорганических фторидов двух и трёхвалентных металлов. М., 1975 (монография);
  • Джалол Икрами: неизвестные страницы. Д., 2010;
  • Умре бо оҳанпораю шеър. Д., 2010. .

Даргузашт вироиш

Ҷонон Икромӣ 22 июли соли 2012 дар манзилаш воқеъ дар маҳалли Қаряи Болои шаҳри Душанбе баъди бемории қариб чорсола даргузашт.

Эзоҳ вироиш

  1. Ҷонон Икромӣ - фарзанди адиби номвар, ки кимиёшинос шуд. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (24 июни 2017). 16 феврали 2023 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Икромӣ Ҷонон Ҷалолович / Ё. Назармамадов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.