Қандил Шарифович Ҷӯраев  (9 майи 1927, ноҳияи Ғарм — 29 августи 1990, Душанбе) — ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони маъруфи тоҷик, доктори илмҳои ҷуғрофия (1972), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1973). Аълочии маорифи халқи ИҶШС (1971), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).[1]

Қандил Ҷӯраев
Қандил Шарифович Ҷӯраев
Таърихи таваллуд 9 май 1927(1927-05-09)
Зодгоҳ Ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 29 август 1990(1990-08-29) (63 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҷуғрофия
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон.
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977). Аълочии маорифи халқи ИҶШС (1971). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967).

Зиндагинома вироиш

Қандил Шарифович Ҷӯраев Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо ихтисоси «ҷуғрофиёи иқтисодӣ» дар соли 1948 хатм кардааст.

Корнома вироиш

Солҳои 1948—1957 аспирант ва муаллими кафедраи географияи донишкадаи мазкур буд. Декани факултаи географияву табиатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1957—1967). Муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967—1970). РекториДонишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1970—1979). Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1967—1971; 1975—1980). Мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (1984—1989), ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1989—1990). Аз соли 1988 то охири ҳаёташ вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дошт. Қ. Ҷӯраев ҳамчун ходими ҷамъиятию давлатӣ чандин солҳо аъзои Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии илм ва техника, аъзои шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ин вазифаҳои масъул қобилияти ташкилотчигию кордонии худро нишон дода, сазовори эҳтирому қадрдонии аҳли ҷомеъа гардид. Аз ин рӯ, пас аз даргузашташ бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко номи олими тоҷик Қандил Ҷӯраев гузошта шуда буд ва то соли 2007 донишгоҳи омӯзгорӣ номи ӯро дошт.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Дар давоми фаъолияти худ 177 асарҳои илмӣ эҷод намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими илмӣ, аз қабили баҳамалоқамандии табиату ҷамъият, баҳои иқтисодию географӣ ба захираҳои табиию меҳнатӣ дар заминаи ҳамгироии илмию истеҳсолӣ, роҳҳои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷойгиркунии самаранок ва инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибати мутақобилаи инсон бо табиат ва муҳити зист, муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва роҳҳои такмил додани онҳо бахшида шудаанд. Вай пешгӯёна оид ба афзоиши аҳолӣ, ҳиҷрати он аҳамияти ҷиддӣ дода, нишон додаст, ки суръати баланди афзоиши аҳолӣ, нобаробар ҷойгиршавӣ ва зичии он дар шаҳру деҳот масъалаи ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунандаро мушкил мегардонад. Барои ҳалли ин масъала Барномаи махсуси демографию экологиро пешниҳод намуда буд. Тадқиқоти вай оид ба геоэтнография ва ташкилу ташаккули нахустдавлатдории тоҷикон аз нигоҳи табиию географӣ аввалин кӯшишест дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ. Ин кор ҷамъбасти тадқиқотҳои мавҷудаи географию геологӣ, таърихию этнографӣ, археологию антропологӣ ва дигар самтҳои илмие мебошад, ки раванди ташаккули этникии (этногенези) тоҷиконро равшан намуда, дар тадқиқи ҳамаҷонибаи он кумак карда метавонад. Маърӯзаҳои илмии ӯ доир ба проблемаҳои глобалӣ дар Ҳиндустон, Хитой, Москва, Ленинград, Киев, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон ва ғайра аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.[2]

Осор вироиш

  • Дар бораи ба ноҳияҳои табиӣ-иқтисодӣ тақсим кардани сарзамини Тоҷикистон, Д., 1961;
  • Баъзе масъалаҳои ҷойгиркунонӣ ва махсусгардонии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Д., 1965;
  • Тараққиёт ва ҷойгиркунии географии саноати ҶШС Тоҷикистон, Д., 1966;
  • Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон, Д., 1971;
  • Проблемаҳои иқтисодӣ-географии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон, Д., 1972;
  • Очеркҳои табиат ва иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон, Д., 1973;
  • Тараққиёти саноат ва масъалаҳои ба ноҳияҳои иқтисодӣ ҷудо кардани ҶШС Тоҷикистон, Д., 1975;
  • Баъзе масъалаҳои иқтисодӣ- географии муносибати табиату ҷамъият, Д., 1982;
  • Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ-географии Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Д., 1983;
  • Географияи Тоҷикистон (китоби дарсӣ барои синфи 8), Д., 1984. ва диг.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ»,
  • Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).
  • Аълочии маорифи халқи ИҶШС (1971).
  • Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967).

Эзоҳ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ.. — Д.: Дониш, 2011. — 216 с.
  2. Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. — Душанбе, 2007

Пайвандҳо вироиш