Ҷӯрақул Аҷиб - нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014)

Ҷӯрақул Аҷиб
Ҷӯрақул Аҷиб
Таърихи таваллуд: 5 октябр 1950(1950-10-05) (73 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Восеъ
Шаҳрвандӣ:  СССР,  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Ҷӯрақул Аҷиб 5 октябри соли 1950 дар деҳаи Чолтоши ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз итмоми мактаб-интернати №1 ноҳия (соли 1965) вориди Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1969 онро хатм кардааст. Солҳои 1969-1971 дар хидмати ҳарбӣ буда, баъдан омӯзгорӣ намудааст. Соли 1975 – Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро (ғоибона) хатм кардааст. Аз соли 1990 бо матбуот сарукор дошта, дар рӯзномаҳои «Кулябская правда», «Элчӣ» ва «Дӯстлик» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз апрели 1999 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози», ҳамчунин, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Нафосат» аст.

Эҷодиёт вироиш

Муаллифи китобҳои «Таваллуди муҳаббат» (1990), «Хиёнат» (1992),«Ҷорӯбкӯл – зодгоҳи паҳлавонон» (1997), «Нафаси давр» (1999), «Фарзанди ҷасорат» (2000), «Таҳамтан» (2001), «Занҷири тило» (2002), «Симои нексиришт» (2002), «Тоҷикистон – кишвари обҳои зулол» (2002), «Марди дарёдил» (2004), «Садои ҷовидон» (2005), «Оинаи дил» (2007), «Ошёни ишқ» (2010), «Лаҳзае, ки Офтоб сиёҳ шуда буд…» (2011), «Як қадами тақдирсоз» (2012), «Қисмати кишвари кӯҳсор» (2014) ва ғ. мебошад. Асарҳои чанде аз адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Мукофот вироиш

  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон.[1]

Сарчашма вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 51 ISBN 978-99947-2-379-9