Амрита Арора Ладак (англ. Amrita Arora Ladak; тав. 31 январ 1978) — ҳунарпеша, модел ва ровии телевизионии ҳинд.

Амрита Арора
Amrita Arora
Amrita arora kallista spa.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Amrita Arora

Санаи таваллуд:

31 январ 1978(1978-01-31) (42 сол)

Зодгоҳ:

Бомбай, Маҳороштра, Ҳиндустон

Шаҳрвандӣ:

 Ҳиндустон

Касб:

ҳунарпеша, мудел, ҳунарпешаи синамо

Карера:

2002-то ҳол

IMDb:

ID 1147677

Commons-logo.svg Амрита Арора дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Амрита Арора дар Тҳай, Маҳараштра таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз 6-сола буд, ки волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ бо модараш ва хоҳараш Малайка Арора ба Чембур кӯчиданд. Модари ӯ Ҷойс Поликарп католик буда, падари ӯ Анил Арора панҷобӣ аз шаҳри марзии Фазилка, Ҳиндустон будааст, ки дар Новгони тиҷорӣ кор мекард.

Маълумоти миёнаи худро аз мактаби Swami Vivekanand дар Чембур гирифтааст. Холаи ӯ, Грейс Поликарп, мудири мактаб дар Мумбай буд. Хоҳари ӯ ҳунарпешаи шинохта Малайка Арора мебошад .

Ҳунарнамоӣ дар синамоВироиш

Арора нахустин бор дар филми "«Kitne Door Kitne Paas»" ҳунарнамоӣ карда, ки дар соли 2002 дар Болливуд сохта шуда ва дар он ҳамроҳ бо Фардин Хон бозӣ кард, вале ин филм даромади хуб ба даст наовард. Аввалин филми муваффақи ӯ комедияи «Awara Paagal Deewana» буд. Дар миёни дигар филмҳое, ки вай ҳунарнамоӣ кардааст, филми "Дӯстдухтар" бештар тамошобинонро хуш омадааст. Ин филм дар бораи ҳамҷинсбозии духтарҳо нақл мекунад, ки дар он Амрита бо Иша Коппикар нақш бозидааст.

Дар соли 2007 ӯ дар филми Фараҳ Хон «Ом Шантӣ Ом» намоиши вижаеро дар суруди "Deewangi Deewangi" бо хоҳараш Малайка ва шавҳари пешини ӯ Арбоз Хон иҷро намудааст. Дар ҳамон сол, вай дар филмҳои «Speed» ва «Red:The Dark Side» нақш бозидааст, ки дар ин филмҳо инчунин нақшҳои марказиро Офтоб Шивдасонӣ ва Селина Ҷейтлӣ бозӣ кардаанд. Ин филмҳо даромади хуб доштанд.

Дар соли 2009 филмҳои «Deha» ва «Team the Force» рӯи навор омаданд ва ӯ дар онҳо ҳунарнамоӣ намудааст. Ҳамон сол ӯ дар нақши ёрирасон дар филми «Kambakth Ishq» нақш офарид, ки таҳиягари он Саҷид Надиадвала буд.

Корҳои дигарВироиш

Ҳаёти шахсӣВироиш

Амрита соли 2009 ба тоҷир Шакил Ладак издивоҷ кард[1]. Маросими издивоҷи онҳо ҳам ба расми масеҳӣ ва ҳам суннати мусулмонӣ гузаштааст. Ҷашни масеҳияшон 4 марти 2009 гузаштааст ва пас аз он 5 март маросими Меҳендӣ (ҳинобандон) - ро гузаронида рӯзи 6 март маросими никоҳи мусулмониро баргузор кардаанд[2]. Дертар ӯ ду писар таваллуд кард: Азон (5 феврали 2010) ва Раён (20 октябри 2012)[3].

ФилмномаВироиш

Key
  Филмҳое, ки ҳоло рӯи навор набаромадаанд
Сол Филм[4] Бо забони тоҷикӣ Нақш Шарҳҳои дигар
2002 Kitne Door Kitne Paas Каришма Пател
2002 Awara Paagal Deewana Мона
2003 Ek Aur Ek Gyarah Аритӣ
2003 Zameen Сароянда/Раққоса Намоиши махсус дар суруди "Dilli Ki Sardi"
2004 Shart: The Challenge Сарю
2004 Girlfriend Сапна
2004 Mujhse Shaadi Karogi Рома
2004 Rakht Наташа Баҳодур Сингҳ
2006 Deha Ринӣ Синҳа/Ринӣ M. Десаӣ
2006 Fight Club - Members Only Шоналӣ Малҳотра
2007 Red: The Dark Side Рия Малҳотра
2007 Heyy Babyy Салом хурдакак Худаш Намоиши махсус дар суруди "Heyy Babyy"
2007 Speed Самира Меҳра Намоиши махсус
2007 Om Shanti Om Ом Шантӣ Ом Худаш Намоиши махсус дар суруди "Deewangi Deewangi"
2007 Raakh Налинӣ
2008 Rama Rama Kya Hai Dramaaa Хушӣ Бҳатия
2008 Hello Радҳика Ҷа
2008 Heroes Прия
2008 Golmaal Returns Эша Сантошӣ
2009 Kambakkht Ishq Каминӣ Санду
2009 Team – The Force Рия
2009 Ek Tho Chance Нишӣ Намоиши ҷаҳони соли 2014
2015 Kuch Toh Hai Tere Mere Darmiyaan Дҳамӣ

Нигаред низВироиш

Рӯихати ҳунарпешаҳои (актрисаҳо) Ҳиндустон

ЭзоҳВироиш

  1. Amrita & Shakeel's celeb-studded wedding(англ.). The Times of India (5 May 2009). 24 июли 2015 санҷида шуд.
  2. Amrita & Shakeel's celeb-studded wedding Times of India - 5 June 2009
  3. Bollywood Hungama. Amrita Arora names her baby boy Rayaan | Bollywood News | Hindi Movies News | Celebrity News - BollywoodHungama.com. bollywoodhungama.com. 1 августи 2016 санҷида шуд.
  4. Amrita Arora: Filmography and Profile. Bollywood Hungama. 7 май 2010 санҷида шуд.

Сомонаҳои интернетӣВироиш

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: