Ҳусейн Нидоев - 4 феврали соли 1965 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1988 аз омӯзгори мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Панҷ оғоз карда, солҳои 1999-2005 дар вазифаҳои мудири шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва раиси Ҷамоати Нури Ваҳдати ноҳияи мазкур идома додааст. Аз моҳи марти соли 2005 инҷониб роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шуда кор мекунад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд мебошад.

Ҳусейн Нидоев
Ҳусейн Болтаевич Нидоев
Таърихи таваллуд 4 феврали соли 1965
Зодгоҳ ноҳияи Панҷ

Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбари шуда буд[1]

  1. Сомонаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон. 11 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2015.