Беғар (кон)

(Тағйири масир аз «Беғар»)

«Беғар» — кони сурбу флюорит дар қисмати ҷанубии қ-кӯҳҳои Ҳисор, дар водии дарёи Беғари рост (шохоби рости дарёи Варзоб).

Дар баландии 1400—1600 м аз с. б. ҷойгир аст. «Беғар» дар давраҳои қадим кашф шудааст, ки инро мавҷудияти ковишҳои куҳна тасдиқ менамоянд. «Беғар» ба тарқиши Беғар, ки самти арзӣ дорад ва дар гранитҳои бузургдонаи порфирмонанди биотитӣ мегузарад, мансуб аст. Ба ин тарқиш ду ҷисми маъданӣ — Марказӣ ва Паҳлӯӣ пайваст шудаанд. Аз ҷиҳати маъданнокӣ Марказӣ хубтар буда, дар раги ғафси кварсӣ ҷой гирифтааст. Он аз рагҳои сурбу флюорит ва гранитҳои гудохташуда иборат мебошад; дарозиаш 100 м, умқаш 170 м ва ғафсиаш 0,7-5,6 м. Дар таркиби маъдан минералҳои флюорит, кварс, калсит, пирит ва барит муайян карда шудаанд. Борварии миёнаи флюорит дар ҷисми маъданӣ ба 39,81 % ва сурб ба 1,05 % баробар аст. Маъдан аз сабаби дар таркибаш доштани CaF2 ба навъҳои Ф-30 ва Ф-40 мансуб аст, ки дар сурати истифодааш дар саноат ба тозакунӣ ниёз дорад. Баъди ташхисоти технологӣ маълум шуд, ки маъдан бо усули тасфия (флотатсия) хуб тоза карда мешавад. Маъдани «Беғар» аз рӯйи сифат, маъданнокӣ ва шароитҳои техникию иқтисодӣ шабеҳи маъдани «Кондара» буда, дар Комбинати маъдантозакунии Такоб коркард мешуд. «Беғар» аз рӯйи ҳаҷми захираҳои ҳисобшуда кони холис маҳсуб шуда, аз сабаби ҳаҷми ками захираҳо ва шароитҳои вазнини техникию иқтисодӣ барои истихроҷ тавсия нашуда буд. Новобаста ба ин, барои қонеъ гардондани иқтидори Комбинати маъдантозакунии Такоб аз соли 1969 дар «Беғар» истихроҷи маъдан шурӯъ гардид ва то ох. с-ҳои 80 садаи 20 идома ёфт. «Беғар» ҳамчун объекти геологӣ дар Кадастри давлатии конҳои канданиҳои фоиданоки ҶТ ба қайд гирифта шудааст.

Сарчашма

вироиш