Айни ҳол дар Википедия 102 893 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Ибни Сино
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Абунасри Форобӣ
Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.
Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.
Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.
Нигораи рӯз
Оё медонед?
Аз мақолаҳои нави Википедия:
- Доир ба вироишҳои корбарони википедия дар кулли Лоиҳаҳои Википедия (wikipedia.org) омори онлайнӣ амал мекунад. Шумораи вироишҳои корбарон то ҳамин лаҳзаи сабти иттилоот, зиёда аз 4 милларду 670 миллионро фаро гирифта буд.[1]
- Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
- Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ — Русия дар ҷои 27, Беларус дар ҷои 59, Қазоқистон дар ҷои 62, Арманистон дар ҷои 83, Озарбойҷон дар ҷои 100, Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.[3]
- 8 апрел - Рӯзи байналмилалии лӯлиҳо-ро ҷашн мегиранд. Онро Конгресси якуми ҷаҳонии лӯлиҳо дар соли 1971 таъсис дода буд ва аз он вақт инҷониб ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. [4]
Рӯйдодҳои кунунӣ
- Мавзуъоти муҳим
- Омори ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон
- Омори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон
- Санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шуд
- Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА
- Навори видеоии Манижа дар шабакаи «YouTube» машҳуртарин шудааст
апрели соли 2021
- 8 апрели соли 2021 Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[5]
- 8 апрели соли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 133 946 674 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 2 904 972 нафар фавтиданд, 107 961 724 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 23 079 978 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони — ИМА (31 641 289 нафар), Бразилия (13 197 031 нафар), Ҳиндустон (12 942 335 нафар), Фаронса (4 841 308 нафар), Русия (4 614 834 нафар), Бритониёи Кабир (4 367 291 нафар), зиёда аз 3 млн. нафар: Италия, Туркия, Испания, зиёда аз 2 млн. нафар: Олмон, Лаҳистон, Колумбия, Аргентина, Мексика, Эрон, зиёда аз 1 млн. нафар: Украина, Чехия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Индонезия, Нидерландия, Чили, Канада дохил шудаанд. [6]
- 8 апрели соли 2021 Моҳи шарифи Рамазон имсол (соли 2021) дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.[7]
- 7 апрели соли 2021 Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1151.1 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд.[8]
- 5 апрели соли 2021 Навори видеоии Манижа Сангин ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар Роттердами Нидерландия муаррифӣ хоҳад кард, дар шабакаи расмии ҳунарнамоӣ дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 аллакай беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст.[9]
Эзоҳ
- ↑ Омори шумораи вироишҳо дар лоиҳаҳои Википедия /Омори онлайнӣ
- ↑ Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
- ↑ Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
- ↑ Международный день цыган. В 2021 году отмечают 8 Апреля.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 8.04.2021
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 8.04.2021,соат 18:30
- ↑ Санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шуд. /khovar.tj/ 8.04.2021
- ↑ Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд. /khovar.tj/ 8.04.2021
- ↑ «Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровидение» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд.
Википедия ҷойгиршуда дар сервери Бунёди Викимедиа — созмони ғайритиҷорӣ, ки дорои шуморе лоиҳаи чандзабона ва муҳтавиёти озод бо унвонҳои зер аст:
Викилуғат Фарҳанги вожаҳо
Викигуфтовард Гуфтовардҳо
Викикитоб Учебники
Викинабишта Матнҳои асл ва сарчашмаҳо
Викиахбор Хабарҳо
Викидонишгоҳ Сарчашмаҳои омӯзишӣ
Викинамуд Намудҳои биологӣ
Медиавики Нармафзори Вики
Викидода Пойгоҳи дониш
Викианбор Анбори расонаҳо
Викисафар Роҳнамои сафар
Фаро-вики Ҳамоҳангкунандаи лоиҳаҳо