Бобои Деҳқон
Бобои Деҳқон — пири кишоварзон, шахсияте дар асотир, бовару эътиқоди мардуми тоҷик.
Симо
вироишСимои Бобои Деҳқон дар тасаввуроти мардум пирмарди зӯру тавоно ва кордон мебошад. Баъзеҳо симои ӯро бо ҳазрати Одам як мешуморанд. Дар аксар маросимҳои мавсимии кишоварзӣ, дуову фотиҳаҳои марбут ба барзгарӣ аз Бобои Деҳқон ёд мекунанд ва аз рӯҳи ӯ мадад мепурсанд.
Мувофиқи маълумоти осори илмии муваррихон, мардумшиносон мафҳуми Бобои Деҳқон дар ҳавзаи дарёи Хингоб (Қаротегин – Рашт) маъмул будааст. Яке аз сокинони деҳаро, ки порсову покизакор ва адолатпарвар, ростгӯю хубкирдор, муборакқадам, сабукдаст ва ғ. буд, интихоб намуда, намояндаи Бобои Деҳқон мешумориданд ва лақабашро «шавгунӣ» (шогунӣ) мениҳоданд. Ӯ дар рӯзи муқарраркардаи мӯйсафедони деҳа ба ҳар кори кишоварзӣ – ҷуфт, коштани зироат, дарав ва ғ. даст мезад. Ӯ оғози корҳоро муборак мегуфт ва бо роҳнамоияш дигарон ба он корҳо машғул мешуданд.
Тибқи мушоҳидаҳо ва тасвири этнографии Пешерева Е. М., дар байни тоҷикони кӯҳистон инчунин бозии «Бобои Деҳқон» маъмул будааст, ки мардум шабҳои тобистон дар айлоқҳо шабона баргузор мекарданд. Дар ҷашни Наврӯз Бобои Деҳқон яке аз шахсиятҳои асосӣ мебошад. Вай дар соли нав, оғози кишту кор донаҳои нахустини зироатро ба замин мепошад ва барои соли накӯ шудани ин сол дуо мекунад. Бобои Деҳқон аз фарҳанги мардуми тоҷик фолклори маросимии онҳо, инчунин ба тавассути ҷашни Наврӯз, ки ҷашни умумибашарӣ шудааст, ба фолклори халқҳои турктабори Осиёи Марказӣ – туркманҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қарақалпоқҳо ва дигарҳо гузаштааст
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бобои Деҳқон / Д. Раҳимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Бобои Деҳқон / Д. Раҳимов // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.
- Рахимов М. Р. Земледелие таджиков бассейна река Хингоу в дореволюционный период. Сталинабад, 1957;
- Антонова Е. В., Чвыр Л. А. Таджикские военные игры и обряды и индоиранская мифология // Фольклор и историческая этнография. М., 1983.