Дар баёни Дувоздаҳмақом
«Дар баёни Дувоздаҳмақом» («Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом ва бистучаҳор шуъбаҳои ҳар мақом»), настаълиқи хоно. Рисолаи Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535). Рисола манзуму мансур (наср) буда, аз муқаддима (наср) ва ҳафт фасл (боб) таркиб ёфта дар Бухоро китобат шудааст.
Дар Муқаддима ҳадафи нигориши рисола, тафсири мӯҷази ҳар мақом, таркиботи он (шуъбаҳо, овозҳо ва гӯшаҳои мусиқӣ) қаламдод шудааст. Дар фасли аввал («Дар баёни нағмаҳои шуъбаҳо») бештар масоили сохт, тартиби 12-мақом (парда), 24-шуъбаҳо, иртиботи ин таркибот, ҷанбаҳои бадеию зебоишиносии онҳо дар ҳамоҳангӣ ба мавқеи ҷойгиршавиашон (дар адвори маъмула) тафсир шуда-анд. Кавкабӣ мавқеъ, тартиби ҷойгиршавии мақомҳоро чунин ба қалам оварда:
- Раҳовӣ шуд мақому шуъбаи ӯ,
- Ту «Наврӯзи Араб»-ро аз «Аҷам» ҷӯ
- Зи «Наврӯзи Араб» шаш нағма ҷӯӣ,
- «Аҷам»-ро ҳам за шаш нағма бигӯӣ.
- «Ҳусайнӣ» шуд, мақом, эй некахтар,
- Зи нав омад «Дугоҳу» ҳам «Муҳайяр».
Шаш овоза (Гавашт, Ноя, Салмак, Гардуния, Шаҳноз, Наврӯз) аз шохаҳои муҳими савтияти мақомҳо буда, ин мавзӯъро мусаннифи рисола дар фасли дуввум («Дар баёни шаш овоза») тавзеҳ додааст. Дар фаҳмиши таркиботи мақомҳо дар рисолаҳои мусиқии ас. XVI-XVII тафсиру маънидоди онҳо гуногун сурат гирифта, дар осо-ри манобеи мусиқии ин асрҳо бештар равиши баррасии фалакии мақомҳо шоеъ аст. Аз ин нигоҳ дар боби саввум («Дар баёни нағмаҳо, ки аз 12-бурҷ аст») мавзӯи истихроҷу пайванди таркибо-ти мақомҳо бо 12-бурҷ фалакӣ дар иртибот тавсиф шудааст.
Кавкабӣ аз усул, раванди тафсирии мақо-мҳо (тавсифи фалакӣ) дур нарафта, ин мавзӯъро дар ҳамбастагӣ ба диди фалакӣ тавзеҳ медиҳад.
Зарб, усул аз ҷузъиёти муҳиму таркиботи мақомҳо буда, дар фасли чаҳорум («Дар баёни усули мухталифа») сухан дар бораи зарб (вазн), усулҳои маъмул, ки дар амалияи мусиқӣ бештар мавриди истифодаанд, тавзеҳ шуда:
- Гӯям адади усулҳо боз,
- Ҳафдаҳ баҳр, эй хушовоз.
- Баҳре, ки қабӯли ҳар кас омад,
- Он баҳр бидон «Мухаммас» омад.
- Баҳре, ки бинои авҷу паст аст,
- Он баҳр бидон, ки «Туркзарб» аст.
Дарки маҷмӯии мақомҳо ва таркиботи он (овоза, шуъбаю гӯшаҳояш бо дигар шохаҳои созию овозӣ) дар амалиёти мусиқӣ аз муҳимтарин усули фарогирии мақомҳо маҳсуб шуда, муаллиф дар фасли панҷум («Дар донистани дувоздаҳмақом, бистучаҳор шуъба ва шаш овоза») аз равиши дарки маҷмӯъ, тарз ва усули иҷрою эҷоди таркибҳои созию овозӣ, дарки қавонини устодонаи мақомҳо ва ғ. ибрози назар намуда аст. Дар ин фасл Кавкабӣ чун донандаи номвари маҷмӯи устодонаи мақомҳо дар иртибот ба таҳаввулоти эҷодию иҷроии ас. XV-XVI Мовароуннаҳру Хуросон ба Хулосаҳои назарию зебоишиносии мусиқӣ дастёб шудааст. Чуноник пайдост, ки дар маҷмӯи даврии мақомҳо шаш овоза аз шохаҳои муҳими назарию амалӣ маҳсуб шуда, равиши эҷоди амалии 12-мақом ва таркиботи он ба ин қисми мақомҳо (овозаҳо) дар иртибот буда ва ин ҳамсонӣ дар фасли шашуми («Дар баёни он, ки шаш овоза аз дувоздаҳ мақом бошад») рисола хеле мӯҷазу асоснок ба қалам омадааст. Дар фасли ҳафтум («Дар баёни таркиботи мақомҳо») бештар тавсифи шаш овоза, ҳафдаҳ баҳру усулҳои мусиқӣ, таносуби ҳамсонии мавзӯӣ, оҳангӣ, тараннумӣ, хатти ягонаи ир-тиботи бадеию зебоишиносии маҷмӯи даврии мақомҳо тавсиф шудаанд.
Пайдост, ки муаллиф дар баёни мавзӯи ин фасл ҳам донишу таҷрибаи хуби эҳсоси ҳунари-ашро ба кор бурда, дар тавзеҳи бисёр муаммоҳои мусиқӣ (мақомҳо) назари нави тавсифиро пеш овардааст. Ин рисолаи шаклан манзуму насрӣ аз манобеи нодири назарӣ, бадеӣ, зебоишиносии мусиқӣ (ас.XVI) буда, дар рушди тафаккури назарию бадеии мусиқии асрҳои баъдӣ нақши мондагор гузоштааст.
Адабиёт
вироишНаҷмуддин Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ, Рисола дар баёни дувоздаҳмақом, таҳия, таҳқиқи А.Раджабов, Душ., 1985; Нағмаи ниёгон, таҳияю таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1990; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. Душ., 1988; Мусиқинома, маҷ. «Ҳунар ва мардум», шаҳри 135. Теҳрон, 1346.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 56 ISBN 978-99947-49-13-3