ТojNews
«TojNews» (Оҷонси иттилоотии умумимиллии «Tojnews») — як оҷонсии мустақили хабарӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмони ғайридавлатии мавсум ба «Индем» дар сентябри соли 2009 роҳандозӣ шудааст.
Таърихи таъсис | сентябри 2009 |
---|---|
Кишвар | |
Вебгоҳи расмӣ | tojnews.org |
«ТojNews» чӣ тарҳ аст?
вироишОҷонсии иттилоотии умумимиллии «ТojNews» тарҳи нави Созмони ҷамъияти (СҶ) «ИНДЕМ» дар бозори иттилооти Тоҷикистон аст. Муҳимтарин хусусияти лоиҳаи «ТojNews» ин пешниҳоди молҳои хабарии гуногун на танҳо барои ВАО-и дигар, балки барои истифодабарандагони қаторӣ мебошад.
Саймуддин Дӯстов, раиси созмони иҷтимоии «Индем», дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки сомонаи «Tojnews» беш аз ду моҳ дар марҳилаи озмоиш ва санҷиш қарор дошт ва бо пушти сар кардани ин марҳила акнун шароит фароҳам омад, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷои пой пайдо кунад.[1]
Қатъи фаъолият
вироишОҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» 14 ноябри соли 2016 хабар додааст, ки Хадамоти Оҷонсии иттилоотии «ТojNews» бо қарори ҷаласаи муассис, созмони иҷтимоии «Индем» аз 14 ноябри соли 2016 фаъолияташро дар шабакаи Интернет қатъ намудааст.[2]
Аммо баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки ҳам Tojnews ва ҳафтаномаи «Нигоҳ», ки мутааллиқ ба созмони «Индем» мебошанд, бинобар фишорҳои мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуданд, то дарҳои худро бибанданд[3].
Бозгашти дубора
вироишПойгоҳи Тоҷнюс 3 юми майи 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот тасмим гирифт баъд аз таътили иҷбории 18 -моҳа дубора дар хидмати мардум бошад[4].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ozodi.org
- ↑ В Таджикистане закрылось независимое агентство TojNews. 14 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 ноябри 2016.
- ↑ [1]
- ↑ “12 соати Озодии баён барои Тоҷикистон” | TojNews(тоҷ.). www.tojnews.org. 3 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2018.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |