Ёдгориҳои бостонӣ — иборат аз бозёфтҳои бостонӣ ба монанди тангаҳо, аслиҳа, лавозимоти рӯзгор, олоти меҳнат, сарулибос, созҳои миллии мусиқӣ, аксҳо, катибаҳо, санъати ороишию амалӣ ва ғайра мебошанд. Инчунин ба ёдгориҳои бостонӣ нақшу нигори ороишӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, боқимондаҳои ашё ва лавозимоти дар натиҷаи ковишҳои бостонӣ ошкоргардида ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ин ёдгориҳо бояд аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ дошта бошанд.

Хазина дар Булғористон ёфта шуда

Ёдгориҳои бостонӣ асосан дар осорхонаҳо, намоишгоҳҳо ҳифз гардида тавассути экспозитсияҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Бо истифода аз ёдгориҳои бостонӣ намоишҳои сайёр дар таълимгоҳҳо, муассисаҳои фарҳанг, корхонаву ташкилотҳо ташкил намудан мумкин аст. [1]

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  1. Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе,2012. — С. 20.