Ёдгори Зарирон
«Ёдгори Зарирон» — рисолаи ҳамосӣ ва мазҳабии кӯтоҳе аст дар асл ба забони портӣ ва зоҳиран насри тавъам бо шеър будааст, чун дар хилоли он, вожагон, таркибот ва сохторҳои портиро метавон дид, аммо ба сурати кунунӣ он ба хатт ва забони порсиг аст[1]. Ин матн, ки дар соли 500 мелодӣ ё каме дертар навишта шудааст, қадимитарин достони паҳлавонӣ аст, ки ба забонҳои эронӣ боқӣ мондааст. Матн дорои 114 банд матни аслӣ ва 7 банди поённавишт аст, ки сафаҳоти 1 то 17 маҷмӯъаи мутуни паҳлавиро ба худ ихтисос додааст. Ин матн дар баъзе аз дастнависҳо «Шоҳномаи Гуштосп» низ номида шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ آموزگار، ژاله (۱۳۹۲). یادگار زریران. تهران: معین. صص. ۶. شابک ۹۷۸-۹۶۴-۱۶۵-۰۹۰-۴.