Ёлбарс Бекчаев
Ёлбарс Ҷумардурдиевич Бекчаев (тав. 16.11.1983, н. Дустӣ (Ҷиликул)-и вилояти Хатлон) — омӯзгори забони англисӣ, номзади илми филология.
Ёлбарс Ҷумардурдиевич Бекчаев | |
Таърихи таваллуд | 16 ноябр 1983 (41 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Дустӣ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Зиндагинома
вироишЁлбарс Бекчаев хатмкардаи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2005). Соли 2005 ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии факултети забони англисии нонишгоҳи мазкур ба кор оғоз намуда, солҳои 2006-2014 дар вазифаи ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, солҳои 2014-2016 омӯзгори калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, солҳои 2015-2016 муовини декан оид ба илм, аз 2016 то хол мудири кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Соли 2007-2009 дар семинари илмӣ «Creativity in the English language classroom» аз тарафи British council дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Тошкант иштирок намудааст. Соли 2012 дар шаҳри Истанбули Туркия ва соли 2014 дар Донишгоҳи В. В. Гирии шаҳри Деҳлӣ, Ҳиндустон, аз курси такмили ихтисос гузаштааст ва соҳиби шаҳодатномаи байналмиллалӣ гаштааст. Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Сравнительний анализ актуального членения предложения в английском и узбекском языках» дифоъ намудааст. Дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳо баромад намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 номгӯи асарҳои илмӣ аз ҷумла 1 монография, 2 дастури таълимӣ, 1 Маҷмуи илмӣ ва 10 барномаи таълимӣ мебошад.
Осор
вироиш- «Everyday Chinese-Turkmen expression (for the beginners) //Душанбе-2018»;
- «Таҳлили муқоисавии таҷзияи актуалии ҷумла дар забонҳои англисӣ ва узбекӣ». Д., 2020;
- Хониши қоидаҳои фонетикии забони англисӣ бо машқҳо. Д., 2020;
- Инглис дили (китоби дарсӣ барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои туркмензабонҳо). Д., 2020.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ