Ёрбек ибни Шоҳбек ибни Зоҳидхон

Ёрбек ибни Шоҳбек ибни Зоҳидхон (?, Самарқанд — 1707, Файзобод, Афғонистон) — ҳокими Бадахшон (1657—1707).

Ёрбек ибни Шоҳбек ибни Зоҳидхон

Зиндагинома

вироиш

Зодаи Даҳбеди Самарқанд. Баъди бархамхӯрии давлати Бобуриён, Сафавиён ва Шайбониён осоиши сиёсии минтақаи Бадахшон, ки дар нимаи аввали қарни XVII таҳти роҳбарии ҳокимони ҷудогонаи маҳаллӣ фароҳам омада буд, мураккаб гардид. Маҳмудбийи атолиқ, ки аз ҷониби Субҳонқулихон ҳокими Балху Бадахшон таъйин шуда буд, бо иттиҳоди қабилаҳои қатаған ба ин минтақа зуд-зуд ҳуҷум мекард. Мирони минтақа, ки дигар ёрои муқовимат надоштанд, аз сайидзодаи даҳбедии самарқандӣ — Ёрбек, ки пирзодаву пешвои Яфталиён (Яфтал номи маҳаллест дар ҳаволии д. Кӯкча, ки он давра дар он бештар аз 20 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекарданд) буд, муроҷиат намуданд, то фармонравоии Бадахшонро ба уҳда гирад. Ёрбек хоҳиши муридонашро пазируфта, дар мавзеи Хами Мир (мавзеест дар наздикии Яфтал), ки як-ду насл пештар аҷдоди ӯ дар он ҷо сокин шуда буданд, иқомат гузид. Ё дар муддати кӯтоҳ мирони маҳаллиро муттаҳид намуда, қавмҳои ӯзбекро аз Бадахшон берун кард. Пас аз ду сол бархе аз мардуми Яфтали Поин кӯтоҳандешӣ намуда, Шоҳ Имод ном шахсеро аз миёни худ мир интихоб карданд ва дар мавзеи Лойоба (ҳаволии Файзобод) барои ӯ қалъае сохтанд. Ёрбек аз ин амал дилозурда шуда, ба Ҳиндустон рафт. Чун мардуми Қатағания аз рафтани Ёрбек огоҳ шуданд, Маҳмудбий бори дигар ба Бадахшон лашкар кашида, дар Ҷурм (Ҷирм) қалъа бино кард ва ҷавру зулми беҳаддеро ба мардуми ин минтақа раво дошт. Ин дафъа соҳибмансабони бухороӣ конҳои лаъли Бадахшонро ба ихтиёри Аморати Бухоро вогузор карданд. Таҳти фишори мардуми маҳал мирони минтақа намояндагони худро ба Ҳиндустон назди Ёрбек фаристода, аз ӯ хоҳиши бозгашт намуданд. Баъди бозгашти Ёрбек Маҳмудбий соли 1692 маркази Бадахшон — Ҷузгун (баъдан Файзобод)-ро муҳосира кард, вале дар ишғоли он ноком гардид. Маҳмудбий ниҳоят бо ситонидани фоидаи дусолаи конҳои лаъл ва фармонбардории хонии Бухороро қабул кардани Ёрбек иктифо карда, ба Балх баргашт. Ба қавли Б. Ғ. Ғафуров, бо вуҷуди ин Ёрбек ҳокими мутлақи Бадахшон буд ва минтақаи таҳти ҳукуматашро мустақилона идора мекард. Ёрбек мавзеъҳои Бадахшонро дар байни 8 писараш тақсим карда, ш. Файзободу атрофи он бо Яфтали Болову Поин ва Шаҳри Бузург дар ихтиёри худаш боқӣ монданд. Дар ин вақт чанд нафар хоҷаи самарқандӣ, ки хирқаи мубораки паёмбар (с)-ро аз роҳи Бадахшону Чатрор ба Ҳиндустон бурданӣ буданд, тавассути Ёрбек дар Ҷузгун нигоҳ дошта шуданд. Баъдан Ҷузгун аз файзу баракати хирқа Файзобод ном гирифт. Ёрбек дар соҳили д. Кӯкча қалъаи Файзободро бунёд кард, ки баъдан он маркази Бадахшон гардид. Пас аз фавти Ёрбек писари калониаш Сулаймоншоҳ ҳокими Бадахшон гардид, ки баъди 7 соли ҳукмронӣ соли 1713 ба қатл расид.

Адабиёт

вироиш
  • Бурхан-уд-дин Кушкеки. Каттаган и Бадахшан / Пер. с перс. Под ред. А. А. Семёнов. Ташкент, 1926;
  • Искандаров Б. И. Соционально-экономические и политические аспекты истории памирских княжеств. Д., 1983;
  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Д., 1998;
  • История Горно-Бадахшанской Автономной Области. Т. 1. Д. 2005;
  • Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. Д, 2007;
  • Саидов А. Политическое и социально-экономическое положение Бухарского ханства в XVII — первой половине XVIII вв. Д., 2010.