Ёрдамчии ҷиноятшахсоне эътироф мешаванд, ки бо маслиҳату дастур додани маълумот, восита ё олоти ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардаанд, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст (қ. 5 м. 36 КҶ ҶТ).

Ёрдамчии ҷиноятро ба ду намуд тақсим намудан мумкин аст: 1) ҷисмонӣ; 2) интеллектуалӣ (ақлй). Нисбат ба ёрдамчии ҷисмонии ҷиноят он ҳаракатҳое дахл доранд, ки онҳо барои содир намудани тарафи объективии ҷиноят ба иҷрокунанда кумак мекунанд. Чунин ҳаракатҳо мумкин аст дар шакли додани олоту воситаҳо ба иҷрокунанда барои содир намудани ҷиноят ифода ёбад (масалан, додани мошин барои содир намудани дуздии молу мулк бо миқдори калон) ё рафъи монеаҳо барои содир намудани ҷиноят аз тарафи иҷрокунанда (масалан, дари анборро кушода гузоштан бо мақсади д ар оянда тасарруф намудани молу мулк). Ёрдамчии ақлии ҷиноят дар таъсир намудани ёрдамчй ба иродаи иҷрокунанда ифода ёфта метавонад. Ин таъсиррасонй ба қавй гардонидани ҷуръати иҷрокунанда барои содир намудани ҷиноят равона шудааст. Ба воситаҳои кумаки ёрдамчии ақлӣ дохил мешавад: додани маслихату дастур, маълумот, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст. Ёрдамчӣ аз таҳриккунанда бо он фарқ мекунад, ки ӯ шахсро барои содир намудани ҷиноят моил накарда, балки ба он мусоидат мекунад. Тарафи субъективии кирдори ёрдамчии ҷиноят бо қасди бевосита ё бавосита баён мешавад. Гунаҳкор ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияти фаро расидани оқибати ба ҷамъият хавфноки онро пешбинй намуда, хоҳони фаро расидани он мебошад ё фаро расидани оқибатҳоро нахоста, вале дидаву дониста ба ин оқибатҳо роҳ дода бошад ё ба онҳо бепарвоёна муносибат карда бошад. Агар кирдори ёрдамчй бо сабабҳои аз он новобаста барор нагирад, он гоҳ барои тайёрӣ ба ҷиноятй дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (қ. 6 м. 37 КҶ ҶТ) ё ин ки иҷрокунанда бо сабабҳои аз ӯ новобаста ҷиноятро то ба охир расонида натавонад, шарикони дигари ҷиноят барои шарикӣ дар тайёрӣ ба содир на- мудани ҷиноят ё сӯиқасди содир намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (қ.5 м.37 КҶ ҶТ).[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 160