Open main menu

Ёрмуҳаммади Сучонӣ

Ёрмуҳаммади Сучонӣ (Назармамадов) – журналист, муҳақиқи таъриху фарҳанг

Ёрмуҳаммади Сучонӣ
Ёрмуҳаммади Сучонӣ (Назармамадов),
Навъи фаъолият:

муҳақиқ, рӯзноманигор

Санаи таваллуд:

1955(1955)

Зодгоҳ:

деҳкадаи Сучони ноҳияи Шуғнон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

ЗиндагиномаВироиш

Ёрмуҳаммади Сучонӣ (Назармамадов), соли 1955 дар деҳкадаи Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидаба ҷаҳон кушодааст. Хатмкардаи (1977) факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин мебошад. Дар Радиои Тоҷикистон, матбуоти даврии тоҷик ва энсиклопедияи миллии тоҷик кор кардааст. Солҳои охир корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.

ОсорВироиш

Муаллифу мураттиби «Тақвими фарҳангӣ» (2002, 2003), «Тақвими санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013, 2014, 2015, 2016)[1], «Солнома – мавлудномаи ашхоси шинохташудаи Тоҷикистон», «Дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт», «Дорандагони Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт» мебошад. «Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Маълумотнома», «Арбобони фарҳанги тоҷик» омодаи чопанд. Таҳияи «Соҳибунвонҳо ва ҷоизадорони Тоҷикистон» анҷом ёфтааст. Дар матбуоти даврии тоҷик беш аз 300 матолиб ба табъ расонидааст.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш