Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ

Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ (қарни XVI — қарни XVII) — хаттот ва мусаввири форс-тоҷик.

Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ

Зиндагинома

вироиш

Нозукиҳои санъати хаттотӣ ва мусаввириро дар Бухорову Самарқанд омӯхтааст. Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ дар сохтани ҷадвал, саҳҳофӣ ва ҳунари мирзоӣ маҳорати баланд дошт ва то ба мартабаи сармуншии дарбори подшоҳӣ расида буд. Аз осори адибони гузашта огоҳ буд ва беш аз 240 дастхатти шоиронро нусхабардорӣ кардааст. Худ низ шеър мегуфт. Яке аз дастхатҳои Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ таҳти рақами 16 дар осорхонаи Самарқанд маҳфуз аст. Дар китоби «Таърихи Ҳисорӣ»-и А. Мухторов зикр гардидааст: «Мулло Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ ал-Бухорӣ сураи 39-уми Қуръонро, ки „Зуммар“ ном дошта, иборат аз 75 оят аст, тафсир кардааст. Ин китоб аз тарафи Соқӣ ибни Мавлоно Муҳаммадамин соли 1105 ҳиҷрӣ (1694 милодӣ) рӯйнавис шудааст».

Адабиёт

вироиш