Ёқубҷон Дадоҷонов (тав. 27.01.1949 ) ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Ёқубҷон Дадоҷонов
Таърихи таваллуд 27 январ 1949(1949-01-27) (75 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров

Зиндагинома

вироиш

Соли 1970 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Ихтисос, муаллими математика.

  • Солҳои 1969-1970 — муаллими математикаи МТУ № 31 н. Б.Ғафуров.
  • Соли 10.1970-11.1970 — лаборанти кафедраи методикаи таълими физика ва математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров .
  • Солҳои 1971-1976 — муаллими кафедраи методикаи таълими физика ва математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров.
  • Солҳои 1976-1979 — аспиранти ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко.
  • Солҳои 1979-1982 — муаллим, сармуаллими кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров.
  • Солҳои 1982-1985 — Муовини декан оид ба корҳои тарбия, дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров .
  • Солҳои 1985-2007 — мудири кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
  • Солҳои 2007-2011 — декани факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
  • Аз соли 2011 - то ҳоло — дотсенти кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. [1]