Ховар (хабаргузорӣ)

(Тағйири масир аз АМИТ «ХОВАР»)

«Ховар» (Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», кутаҳ. АМИТ «Ховар») — хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон.

Ховар
Кишвар
Маҳалли дафтари марказӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ
Вебгоҳи расмӣ khovar.tj

Таърих

вироиш

АМИТ «Ховар» — Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад.

Агентӣ дар шаҳри Душанбе соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд.

Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар» имрӯз агентии ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Кормандони агентӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба воситаи каналҳои расмӣ фавран пахш мекунанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Президент, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатӣ тавассути агентӣ пахш карда мешаванд.

Агентӣ пахшкунандаи боэътимоди ахбороти таъҷилӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Хабарҳои агентии миллии иттилоотии «Ховар» -ро на танҳо рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио, балки инчунин хонандагони сайтҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирон, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва одамони алоҳида чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он истифода мебаранд.

Мавзӯъҳои Оҷонсии иттилоотӣ — шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. АМИТ «Ховар» бо марказҳои калонтарини иттилоотии минтақа ва ҷаҳон ҳамкории мутақобилаи муфид дорад.

Хабарҳои АМИТ «Ховар» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш карда мешаванд. Муассис — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбар — Садриддини Шамсиддин Нишонии АМИТ «ХОВАР» — шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Пайвандҳо

вироиш
  • khovar.tj — вебгоҳи расмии Ховар (хабаргузорӣ)