Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ
Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ (форсӣ: عباسعلی کیوان قزوینی; 3 июли 1861, Шайхобод, Қазвин — 14 октябри 1938, Сулаймон-Дороби Рашт) — муфассир, воиз, сӯфӣ ва мунаққиди тасаввуф.
Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, ориф, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 3 июл 1861 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1938 |
Кишвар: | |
Эътиқод: | шиъа |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишПас аз сӣ соли хидмат ба тариқати гунободия (яке аз шохаҳои неъматуллоҳия), бино бар эътироз ба ҷонишинии меросӣ дар тариқати мазкур ва беадолатиҳое, ки дар он мушоҳида кард, аз он рӯ гардонид, даъвоҳои шайхҳои гунободияро ботил ва эътиқодоту амалҳои онҳоро аз назари ақливу нақлӣ нодуруст дониста, ба нақди тасаввуфи марсум пардохт. Рашид Ёсамӣ, Саъид Нафисӣ, Алии Даштӣ, Аббос Иқболи Оштиёнӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯянд.
Аз Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ таълифоти бисёре боқӣ мондааст. Ӯ як тафсири арабӣ, ду тафсири форсӣ ва тарҷумаи Қуръон навиштааст. Муҳимтарин осори Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ: «Розгушо» — шомили посух ба 50 суол дар бораи ақоид ва одоби силсилаи гунободия, истилоҳоти сӯфиён, сабаби аз тасаввуфи марсум буридани ӯ; рисолаи «Беҳинсухан» — дар посух ба 12 пурсиш дар ҳамин мавзӯъҳо ва тавзеҳи баъзе навовариҳои ӯ дар тасаввуф; рисолаи «Устувор» — дар баёни асоси тасаввуф, маънои ҳақиқии он, фарқи он аз тасаввуфи марсум, истилоҳоти тасаввуф, одоби марбут ба қутб ва мурид, баъзе асрори силсилаҳои тасаввуфӣ; «Ирфоннома» ‒ дар бораи ҳақиқати ирфон аз диди муаллиф; «Кайвоннома» ‒ саргузаштномаи муаллиф аз даврони кӯдакӣ, таҳсил, устодон, шарҳи сафарҳо ва мулоқоту мубоҳисаҳое, ки бо сӯфиёну уламо доштааст. Девони шеър ва осоре дар бораи баъзе бузургони ирфону адаб низ дорад, аз ҷумла, шарҳи ҳоли Абусаъиди Абулхайр, шарҳи ирфонии баъзе рубоиёти Хайём.
Мухолифати Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ бо тасаввуфи марсум на фақат ба сабаби мақоми меросии шайхӣ ва қутбӣ, балки ба таври куллӣ иддиои қутбият аз сӯйи шайхони силсилаҳои тасаввуфӣ буд. Аз назари ӯ, киштии тасаввуф нохудо ё қутб надорад, зеро қутб бояд дар чаҳор ҷиҳати зер дар мурид тасарруф кунад, вагарна, дурӯғгӯ аст: зоил кардани иродаи гуноҳ аз дили мурид, табдили разилати ахлоқии ӯ ба фазилат, муҳкам сохтани эътиқодоти динӣ ва маърифат ба Худо ва зудудани шак аз дили мурид ва ниҳоят, иртиқо додани мурид аз олами носут ба олами малакут. Мурид низ бояд омодагии ин тасарруфоти ботиниро дошта бошад. Ӯ он шайхони сӯфияро, ки муддаии се тасарруфи аввал ва шайхони силсилаи гунободияро, ки муддаии ҳатто чаҳорумин тасарруф буданд, дурӯғгӯ ва дунёхоҳу ҷоҳталаб медонист. Ба сабаби мухолифати Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ бо тасаввуфи марсум бархе вайро муттаҳам ба
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кайвони Қазвинӣ / С. Маҳмадуллоҳ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.