Табиби Исфаҳонӣ
Абдулбоқӣ Табиби Исфаҳонӣ (форсӣ: عبدالباقی طبیب اصفهانی; Исфаҳон — 1757) — аз шоирони сабки бозгашти Эрон, ҳакимбошии Нодиршоҳи Афшор, калонтари Исфаҳон, фарзанди Мирзо Муҳаммадраҳим Табиби Исфаҳонӣ.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1757 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, пизишк |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишТабиби Исфаҳонӣ аз Содоти Мусавии Исфаҳон буд. Ниёгонаш дар рӯзгор шоҳ Аббоси аввали Сафавӣ аз Ҷаҳрум ба Исфаҳон кӯчиданд ва дар он шаҳр маскан гузиданд. Падараш мирзо Муҳаммадраҳим Табиби Исфаҳонӣ ҳакимбоши шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ буд ва худи ӯ низ табиб ва надими Нодиршоҳи Афшор. Баъд аз Нодиршоҳ, калонтари Исфаҳон шуд ва пас аз чанде ин корро ба бародараш мирзо Абдулваҳоб вогузошт ва худ бо шоирон ва адибони Исфаҳон, Ҳотиф, Ошиқ, Озар, Муштоқ ва Саҳбо муошират кард[1].
Осор
вироишТабиби Исфаҳонӣ дар сурудани ғазал тавоно буд. Аз осори вай: «Девон»-и шеър, муштамил бар қасоид, ғазалёт, қатаъоту рубоиёт ва маснавии «Маҳмуд ва Аёз» дар ҳудуди 3000 байт.
Намунаи ашъор
вироишҒамаш дар ниҳонхонаи дил нишинад,
Ба нозе, ки Лайло ба маҳмил нишинад.
Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ,
Зи боме, ки бархост, мушкил нишинад.
Халад гар ба по хоре осон барорам,
Чӣ созам ба хоре, ки дар дил нишинад?
Ба дунболи маҳмил чунон зор гирям,
Ки аз гиряам ноқа дар гил нишинад.
Пайи ноқааш рафтам оҳиста, тарсам
Ғуборе ба домони маҳмил нишинад.
Ба дунболи маҳмил сабуктар қадам зан,
Мабодо ғуборе ба маҳмил нишинад.
Аҷаб нест хандад агар гил ба сарве,
Ки дар ин чаман, пой дар гил нишинад,
Бинозам ба базми муҳаббат, ки он ҷо
Гадое ба шоҳе муқобил нишинад
Табиб аз талаб дар ду гетӣ маёсо,
Касе чун миёни ду манзил нишинад?
Эзоҳ
вироиш- ↑ گنجور » طبیب اصفهانی. ganjoor.net. 11 ноябри 2022 санҷида шуд.