Абдуллоҳи Раҳнамо

сиёсатшинос

Абдуллоҳи Раҳнамо (Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо; зод. 10 марти 1971, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик. Номзади илмҳои сиёсӣ (2007). Ҳамчун коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афғонистони муосир дар сатҳи байнулмилалӣ шинохта гардидааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо
Таърихи таваллуд 10 март 1971(1971-03-10) (53 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ[d] (2007)
Вебгоҳ rahnamo.com

Зиндагинома

вироиш

Абдуллоҳи Раҳнамо 10 марти соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст[1]. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактабҳои ноҳияи Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав гирифтааст[2]. Солҳои 1987—1990 дар Техникуми полититехникии Душанбе таҳсил намуда, бо дипломи аъло онро ба итмом мерасонад. Пас аз ин таҳсилро дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро низ бо дипломи сурх хатм намудааст.

Солҳои 2001—2004 дар кафедраи сиёсатшиносии ДМТ аспирант будааст.

 
Абдулло Раҳнамо дар мусоҳибаи рӯзноманигори Ховар

Инчунин, барои такмили ихтисоси худро дар риштаҳои сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар Ирон, ИМА, Миср ва Русия гузаронда, соли 2007 пас аз хатми аспирантура дар назди кафедраи сиёсатшиносии ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст[3].

Хонавода

вироиш

Абдулло Раҳнамо оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Корнома

вироиш

Солҳои 1999—2005 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Аз соли 2012 сардори раёсати номбурда таъйин гардида, минбаъд дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии марказ ва чанд соли ахири мушовири ин марказ буд.

Абдуллоҳи Раҳнамо аз оғози соли 2021 мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[4].

Соли 2010 Муассисаи таълимии «Литсейи Раҳнамо»-ро таъсис намудааст, ки айни замон аз беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар он ҳудуди 500 талаба таҳсил мекунанд.

Таълифот

вироиш

Абдулло Раҳнамо муаллифи беш аз 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ, аз ҷумла китобҳои «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (Душанбе,2008), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе,2009), «Ислом ва амнияти миллӣ» (2011), «Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ» (Душанбе,2011) «Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ» (2012), «Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?» (2015), «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ» (2015), «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат: ҷанбаҳои назарӣ ва амалии мавзӯъ» (2016), «Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ» (2016), «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ» (2018), «Дӯст дор зистан» (2021), «Хатари гуруҳҳои ифротгарои динӣ чист?» (чопи сеюм, 2021), «Дидгоҳи давлатмеҳвар» (2021) ва беш аз 100 мақолаи илмию таҳлилӣ дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон, равандҳои сиёсии Тоҷикистон, муносибати дину давлат, маорифи динӣ, равандҳои муосири ҷаҳони ислом ва амсоли ин мебошад[5].

Навиштаҳои ӯ ҳамчунин дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Бритониё, Олмон, Суис, Суэд, Эрон, Афғонистон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ба нашр расидаанд.

Дар муассисаву донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла дар назди коршиносону доираҳои маъруф дар Порис (Фаронса), Кобул, Ҳирот, Нанганҳор (Афғонистон), Бостон, Сиэтл, Огая, Ню-Йорк, Вашингтон (ИМА) ва дигар шаҳру давлатҳо маърӯзаву лексияҳо хондааст.

  1. Sputnik Тоҷикистон. Мудири шуъба: вазифаи нави Абдуллоҳи Раҳнамо(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (30 Декабри 2020). 18 феврали 2022 санҷида шуд.
  2. Абдулло Раҳнамо(тоҷ.). EUCTJ (10 марти 2020). 18 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2022.
  3. Китоби нави Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи Пешвои миллат ба нашр расид. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 18 феврали 2022 санҷида шуд.
  4. Раҳнамо Абдулло(тоҷ.). ИНТ. 18 феврали 2022 санҷида шуд.
  5. Sputnik Тоҷикистон. Абдуллоҳи Раҳнамо "Сиёсатшиноси соли 2020" эълон шуд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (23 марти 2021). 18 феврали 2022 санҷида шуд.