Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ (дарӣ: عبدالله عبدالله тав. 5 сентябри 1960, Кобул, Афғонистон) — сиёсатмадори паштуни аҳли Афғонистон. Вай вазири умури хориҷаи пешини ин кишвар ва аз номзадони аршади мақоми райёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон аст, ки муовини аввал ва дувуми интихобии эшон Муҳаммад Хон ва Муҳаммад Муҳаққиқ мебошанд.
дарӣ: عبدالله عبدالله | |
25-умин Сарвазири Афғонистон
|
|
аз 29 сентябри 2014 | |
Президент | Ашраф Ғанӣ |
Пешгузашта | (барқарор) Ҳомид Карзай |
26-умин Вазири корҳои хориҷии Афғонистон
|
|
2 октябри 2001 — 22 марти 2006 | |
Президент | Ҳомид Карзай |
Пешгузашта | Абдулмулло Вакил Аҳмад Муттавакил |
Ҷонишин | Рангин Додфар Спанта |
Таваллуд |
5 сентябр 1960[1] (64 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори тиб[d][2] |
Касб | Чашмпизишк |
Эътиқод | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абдуллоҳ аз ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ дар даврони набард бо Толибон, ба унвони сухангӯи ҷабҳаи Масъуд ва пули иртиботи онон бо ҷаҳон шинохта мешуд. Абдуллоҳ байни солҳои 2001 то 2006 дар давлати Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷаи Афғонистон буд.
Зиндагинома
вироишАбдуллоҳ Абдуллоҳ дар шаҳри Кобул дар оилаи паштун ба дунё омада, 7 хоҳар ва 2 бародар дорад[3]. Гимназии «Нодира» ва соли 1984 — факултети тибии Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст. Дар беморхонаи Пешовар барои гурезагон кор кардааст.
Номзад дар интихобот
вироишСӯиқасд
вироишРӯзи 19 феврали соли 2014 аз сӯи афроди номаълум зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, як афсари пулис дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум маҷрӯҳ шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасидааст.[4]
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ Clements F. Conflict in Afghanistan: A Historical Encyclopedia — ABC-CLIO, 2003. — С. 1. — ISBN 978-1-85109-402-8
- ↑ National Coalition of Afghanistan | Dr. Abdullah Abdullah: In His Own Words. 8 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2014.
- ↑ Сӯиқасд ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ (Фараж) http://faraj.tj/politics/4682-s1263i1179asd-ba-abdullo1203-abdullo1203.html Бойгонӣ шудааст 28 май 2015 сол.