Абдуллоҳ Камолии Бухороӣ
Абдуллоҳ Камолии Бухороӣ (қарни XIX) — шоири форс-тоҷик
Зиндагинома
вироишАз шоирони доираи косибон (дӯзанда)-и Бухоро буд. Дар нодориву камбизоатӣ мезистааст. Дар тазкираҳои қарни XIX аз ӯ чун шоири баркамол ёд шуда, намунаҳое аз ашъораш сабт гардидааст.
Байтҳои зер аз ӯст:
Маҳи ситамкори нозанинам намуда хашму кушода ханҷар,
Бихоҳадам кушт зору ғамгин, зи баҳри қатлам расида бар сар...
Марост маскан диёри меҳнат, туӣ муқими сарои ишрат,
Ту фориғ аз ман, манам ба ёдат, ғамат маро кард зору абтар.
Ҷигаркабобам, ба дил кабобам, туро инон асту ихтиёрам,
Манам гадои сагони кӯят, ту шоҳ монӣ ба ҳафт кишвар.
Ҳамеша хоҳам зи Ҳақ(қ) висолат, бувад таманнои ман ҷамолат,
Марон зи кӯят, намо тараҳҳум, агарчи бошад Камолӣ аҳқар.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Камолӣ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.