Абдуллоҳ ибни Зубайр
Абдуллоҳ ибни Зубайр ( ар. عبد الله بن الزبير Мадина, 1 ҳ./622 м. – Макка, 73 ҳ./692 м.) — аввалин навзоди муҳоҷирон дар Мадина пас аз ҳиҷрат, аз донишмандони саҳоба, яке аз Абдуллоҳҳои чаҳоргонаи маъруф дар садри ислом, халифаи ислом ва аввалин шаҳиди овехта ба дор дар Макка.
Абдуллоҳ ибни Зубайр | |
---|---|
араб. ар. عبد الله بن الزبير | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | сиёсатмадор, муфассир, фақеҳ, муҳаддис, илоҳиётшинос, суханрон, Халифа |
Таърихи таваллуд: | майи 624[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1 октябр 692 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Миллат: | Bani Assad[d][4] |
Эътиқод: | ислом[4] |
Падар: | Зубайр ибни Аввом[2] |
Модар: | Асмо бинти Абубакр |
Ҳамсар | Q123243166? |
Фарзандон: | Abbad ibn Abd Allah az-Zubair[d], Q20409790?, Hamza ibn Abd Allah az-Zubair[d] ва Khubayb ibn Abd Allah az-Zubair[d] |
Ҷанг: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор Викигуфтовард |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишАбдуллоҳ ибни Зубайр аз ҷиҳати модарӣ писари Асмо ва ба халифаи дувум Абубакр (р) насаб мебарад. Асмо (р) мегӯяд: Дар Макка бо Абдуллоҳ ҳомила шудам ва моҳам тамом шуда, ки ба Мадина ҳиҷрат кардам ва чун ба Қубо расидам, ӯро таваллуд кардам. Вайро назди расули Худо (с) бурдам ва дар канораш гузоштам. Расули Худо (с) хурмое хост ва онро хоида дар даҳонаш тӯф кард ва аввалин чизе, ки ба шиками Абдуллоҳ даромад, оби даҳони расули Худо (с) буд, сипас барояш дуои баракат кард.
Абдуллоҳ ибни Зубайр улуми диниро илова бар бузургони саҳоба аз падару модараш Асмо ва Зубайр, падарбузургаш Абубакр (р) ва холааш Оиша (р) омӯхта ва ба қадре дар онҳо мутабаҳҳир гашта буд, ки аз саҳобагони муҷтаҳид ва соҳибназар дар масоил ба шумор мерафт. Дар ҷавомеи ҳадисӣ аз вай 33 ҳадис ривоят шудааст.
Абдуллоҳ ибни Зубайр дар замони Усмон (р) дар фатҳи шимоли Африқо ҳузур дошт ва яке аз панҷ саҳобае буд, ки бо Язид ибни Муъовия байъат накарданд, соли 64 ҳ. пас аз вафоти Язид бо вай ба хилофат байъат шуд ва ба муддати 9 сол бар сарзаминҳои паҳновари ҷаҳони ислом, ба ҷуз манотиқе аз Шом, хилофат ронд. Вай Мадинаро пойтахти хилофаташ қарор дод ва хонаи Каъбаро бар асоси бинои иброҳимӣ аз нав бино кард. Абдуллоҳ ибни Зубайр бузургтарин инқилобро бар зидди Умавиён роҳбарӣ кард, задухӯрдҳои сангине бо онҳо ба роҳ андохт. Пас аз ҳамлаи лашкари Ҳаҷҷоҷи Сақафӣ ба Ҳиҷоз пойтахташро ба Макка интиқол дод ва гӯянд: Пас аз ҳар намозе ба даври Каъба тавоф мекард ва чанд боре, ки саҳни онро сел пӯшонида буд, шинокунон ба даври он тавоф мекард ва дар ниҳоят соли 73 ҳ./692 м. ба дасти Ҳаҷҷоҷ – фармондеҳи сипоҳи Абдулмалик ибни Марвон дар назди хонаи Каъба ба шаҳодат расид. Ҳаҷҷоҷ ӯро пас аз куштан сарнагун ба дор овехт. Модараш Асмо (р) назди Ҳаҷҷоҷ рафт ва гуфт: Оё вақти он нарасида, ки ин савора поин оварда шавад! Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ҳамон мунофиқ! Асмо (р) гуфт: Ба Худо, ки мунофиқ набуд, балки рӯзадору шабзиндадор буд.
Гуфт: Бирав, пиразане, ки ақлатро гум кардаӣ! Асмо (р) гуфт: Ба худо, ақламро гум накардаам, аз расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: «Аз Сақиф дурӯғгӯ (каззоб)-е ва нобудсозанда (мубир)-е мебарояд. Аммо каззобро дидем ва аммо нобудсозанда, пас он туӣ».
Пайвандҳо
вироиш- ↑ Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ 2.0 2.1 Али-заде А. Абдуллах ибн Зубайр (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. — С. 16.
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/724/Abd-Allah-ibn-az-Zubayr
- ↑ 4.0 4.1 арабская Википедия — 2003.
Адабиёт
вироиш- А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2011.