Абдуллоҳ ибни Умари Бомахрама

Абдуллоҳ ибни Умар (1501—1565) — фақеҳ ва ҳайатшинос.

Абдуллоҳ ибни Умари Бомахрама
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 31 декабр 1501
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1565
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Умар ибни Абдуллоҳи Бомахрама

Фаъолияти динӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Дар улуми мухталиф, аз ҷумла ҳайат, таърих, шеър ва хусусан фиқҳ соҳибназар буд ва дар ҳалли масоилу мушкилоти печидаи фиқҳӣ ҳамто надошт, ҳатто ӯро «Шофеъии сағир» мехонданд. Соли 1537 мансаби қазои Шиҳрро пазируфт, вале сипас курсии устодиро бар ин мансаб авло дониста, ба Адан бозгашт ва то поёни умр ҳамон ҷо зист. Зимни адои мансаби ифто (фатводиҳӣ) назорати умури авқофи се мадрасаро ба уҳда дошт. Дар улуми мухталиф таълифоти зиёде дорад. Аз ҷумлаи осори ӯст: «Рисола фи-л-амали би-р-рубъи-л-мӯҷаб», шарҳи «ар-Раҳбия фи-л-фароиз», «ал-Фатово-л-адания» ё «ал-Фатово-л-ҳиҷрония», «ал-Лумъа фӣ илми-л-фалак», «Набзатун фӣ илми-л-фалак».

Адабиёт

вироиш