Абдулло Имомов
Абдулло Асадуллоевич Имомов (тав. 21.05.1970, д. Ситораи сурхи н. Абдураҳмони Ҷомӣ) – ҷуғрофияшинос, номзади илмҳои география (2021).
Абдулло Асадуллоевич Имомов | |
Таърихи таваллуд | 21 май 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҷуғрофия |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Зиндагинома
вироишАбдулло Имомов солҳои 1987 – 1993 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намуда, онро бо ихтисоси география хатм кардааст. Солҳои 1988 - 1989 дар сафҳои Артиши Шȳравӣ хизмат кардааст. Давоми солҳои 1993 – 2006 ба ҳайси роҳбари ташкилоти наврасон ва ҷавонон, муаллими фанни география, биологияи мактаби миёнаи №16-и н. А. Ҷомӣ ва мактабҳои миёнаи №3 ва №5-и ш. Роғун кор кардааст. Соли 2004 категорияи олии омȳзгорир ба даст овардааст. Аз соли 2006 то ин ҷониб ҳамчун муаллим, муаллими калони кафедраи географияи умумӣ (географияи табиӣ)- и факултети география дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ин давом соли 2008 ба ҳайси раиси Шурои кураторони Донишгоҳи давлатии омȳзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Муаллифи чандин мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методиву таълимӣ. Соли 2021 дар мавзуи “Хусусиятҳои ташаккулёбӣ, инкишоф ва фаъолияти ҳавзҳо дар шароити Ҷанубу Fарбии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Осор
вироиш- Материк ва уқёнусҳо (қисми 1-2). Д., 2015-2016;
- Географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ. Д., 2018;
- География (материкҳо ва уқёнусҳо. (китоби дарсӣ барои синфи 7-ум). Д., 2020
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ