Абдулмалик Исомӣ
Абдулмалик Исомӣ (форсӣ: عبدالملک عصامی; зод. 1311[1][2]) — таърихнигори форсизабони Ҳинд, муаллифи «Футӯҳу-с-салотин».
Таърихи таваллуд | 1311[1][2] |
---|---|
Кишвар |
Зиндагинома
вироишНасабаш бо панҷ восита ба вазири халифаҳои аббосӣ — Фахруддини Исомӣ мерасад, ки дар аҳди Шамсуддини Илтутмиш аз Бағдод ба Ҳинд омада, вазир таъйин шуда буд. Ҷадди дигараш Зуҳайрулмамолик писари Фахруддини Исомӣ буд, ки дар аҳди Носируддин мансаби вакилдариро ба уҳда дошт. Исомӣ баъдан аз бобои худ бо номи Изоуддини Исомӣ ёд мекунад, ки дар замони ҳукмронии Ғиёсуд дини Балбан мансаби сипаҳсолорӣ дошта, таърихнигор зери тарбияи ӯ ба камол расида буд. Исомӣ тақр. соли 1311 таваллуд шуда, то 16солагӣ дар Деҳлӣ зиндагӣ дошт. Ӯ ҳангоми интиқоли пойтахт аз Деҳлӣ ба Давлатобод (1326—1327) ҳамроҳи дигар сокинони шаҳр ба таври иҷборӣ муҳоҷир шуда, баъди фавти бобояш дар роҳи сафар ятим монд. Исомӣ то соли 1351 дар Давлатобод иқомат карда, бо пуштибонии қозӣ Баҳоуддин ба дарбори Алоуддини Баҳманшоҳ роҳ ёфт. Исомӣ пеш аз сафари Ҳиҷоз хост аз худ дар Ҳиндустон ёдгоре гузорад, то номи худ ва гузаштагонашро дар таърих сабт кунад ва ҳамин тариқ ба навиштани «Футуҳуссалотин» шурӯъ кард. Ӯ ин асарашро зери сарпарастии султон Алоуддин дар ҳаҷми 12 ҳазор байт, дар муддати 5 моҳу 9 рӯз дар пайравии «Шоҳнома»и Фирдавсӣ таълиф кард. Исомӣ дар «Футуҳуссалотин» таърихи тохтутози мусулмононро ба Ҳинд аз замони ҳуҷуми Маҳмуди Ғазнавӣ то аҳди Муҳаммади Туғлақ шоҳ инъикос кардааст. Ин китоб бо номи «Шоҳномаи Ҳинд» низ машҳур аст. Китоби Исомӣ идомаи «Шоҳнома»и Фир давсист, зеро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз Ҳазрати Одам то Маҳмуди Ғазнавӣ қиссаҳои шоҳонро баён намудааст. Исомӣ он ҳамаро дар дебоча ба таври мухтасар ҷой дода, баъдан лашкаркашии султонҳои мусулмонро инъикос кардааст. Ба қавли худи Исомӣ, баъд аз он ки шабе дар хобаш бо Низомии Ганҷавӣ ҳамсуҳбат шуда, шогирдии ӯро қабул намуд, ба навиштани «Футуҳуссалотин» шурӯъ ва ба «Хамса»и Низомӣ пайравӣ кард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Record #306219467 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
- ↑ 2.0 2.1 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp02150823 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
Адабиёт
вироиш- Исомӣ / С. Ҳусайнов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.