Абдулқаҳҳори Завқӣ
Абдулқаҳҳор ибни Муҳаммадкарими Завқӣ (? — 1877, Бадахшон) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Бадахшон маълумоти ибтидоӣ гирифта, таҳсилашро дар Бухоро давом дод ва пас аз хатми мадраса ба зодгоҳаш баргашт. Шахси таҳсилкарда, огоҳ аз улуми динӣ будааст.
Ин ғазал аз ӯст:
Ғунча, гӯ, лаб макушо, к-он гули хандон ин ҷост,
Сарв, кам ҷилва кун, он сарви хиромон ин ҷост.
Зоҳидо, аз сари кӯяш наравам сӯи биҳишт,
Майли ҷаннат накунам, равзаи ризвон ин ҷост.
Хизр, беҳуда марав дар талаби оби ҳаёт,
Дар лабаш ёфтаам, чашмаи ҳайвон ин ҷост.
Чашмаш ошӯби ҷаҳон, раҳзани ақлу дилу дин,
Ғамзааш қотили ҷон, фитнаи даврон ин ҷост.
Завқӣ аз хоки дараш рӯй натобад ба ситам,
З-он ки кони караму маъдани эҳсон ин ҷост.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Завқӣ / А. Ҳабибов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.