Мирзо Абдулқодири Тунии Хуросонӣ (форсӣ: میرزا عبدالقادر تونی خراسانی‎; қарни XVII) — шоир ва адиби форс-тоҷик.

Абдулқодири Тунӣ

Зиндагинома

вироиш

Абдулқодири Тунӣ дар садаи 17 мелодӣ дар Тун таваллуд шудааст. Ӯ аз бузургони ноҳияи Тун буда ва муддате вазири онҷо буд. Дар ҳудуди соли 1667 мелодӣ ба Исфаҳон омада ва чун писарашро ба доштани олот ва адавоти сеҳр муттаҳам намудаву кӯр карданд, ӯ ҳам аз ғуссаву андӯҳ дар Исфаҳон вафот ёфт.

Мероси адабӣ

вироиш

«Қандаҳорнома», ки бо унвони «Фатҳномаи Қандаҳор» ва Шоҳномаи Мирзо Абдулқодири Тунӣ шинохта мешавад, девони маснавӣ аст, ки Абдулқодири Тунӣ аз соли 1642 то 1666 барои Шоҳ Аббоси II сурудааст. «Қандаҳорнома»-и Мирзо Абдулқодири Тунӣ ҳамосае таърихӣ марбут ба давраи Сафавӣ аст, ки ягона нусхаи мавҷуди он ноқис буда ва то ба ҳол тасҳеҳ ва баррасӣ нашудааст.

Намунаи шеър

вироиш

Зи кори ту бас мондаам дар шигифт,
Ки шаҳнома бе амри шаҳ кас нагуфт.
Касе то бомрӯз аз аҳди пеш,
Нагуфтааст шаҳнома аз баҳри хеш.

Адабиёт

вироиш
  • آقا بزرگ تهرانی، محمد حسن. الذریعه الی تصانیف الشیعه. ج. ج۹. ص. ۶۹۱.