Абдулқуддуси Гангӯҳӣ
Абдулқуддуси Гангӯҳии Аҳмадӣ фарзанди Муҳаммад Исмоил (урду: شیخ عبد القدوس النعمانی الغزنوی ثم الگنگوہی; тахм. 1456, Гангӯҳ, Уттар-Прадеш, Ҳиндустон – 1537, ҳамон ҷо) — донишманд, ориф ва адиби форсизабони Ҳинд, шайхи силсилаи чиштияи собирия, муриди шайх Муҳаммад ибни Ориф ибни Абдулҳақ.
Абдулқуддуси Гангӯҳӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | нависанда, шоир |
Таърихи таваллуд: | 1456 |
Таърихи даргузашт: | 1537 |
Эътиқод: | ислом |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишТибқи маълумоти маъхазҳо, ниёгони Абдулқуддуси Гангӯҳӣ аз авлоди Абуҳанифа будаанд, ки дар оғози ҳукмронии Ғазнавиён аз Ғазна ба Деҳлӣ кӯчидаанд. Абдулқуддуси Гангӯҳӣ дар ибтидои фаъолияти ирфонии худ дар Рудавлӣ мезист ва чун аксари нахустин пайравони тариқати чиштия аз давлату дарбор дурӣ ҷуста, бо дастгоҳи давлатӣ робита надошт. Вақте вазъи сиёсиву иҷтимоии Ҳинд ноором гашта, ҳукумати марказӣ дар Деҳлӣ заиф шуд, ӯ ноилоҷ бо амирону ҳокимони рӯзгори худ робита барқарор кард. Аз Абдулқуддуси Гангӯҳӣ чандин нома ба шоҳони лудӣ ва темурӣ боқӣ мондааст, ки шогирдонаш дар «Мактуби қуддусӣ» (Деҳлӣ, 1867) гирд овардаанд. Аз ҷумла, Абдулқуддуси Гангӯҳӣ дар номаи худ ба султон Искандари Лудӣ тавсия додааст, ки бо мардум дӯстона рафтор карда, ба уламо таваҷҷуҳ намояд. Ҳамчунин ба Бобур мактубе навиштааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: «...бояд ва сазад, ки барои шукри неъмати Мунъим сояи адл бар оламиён чунон кашид, ки ҳеч кас бар ҳеч кас зулм накунад» ва «илму уламоро дӯст доранд ва дар бозори ҳар шаҳре муҳтасибон бигарданд, то шаҳру бозорро ба ҷамоли адли шаръи муҳаммадӣ биороянд».
Абдулқуддуси Гангӯҳӣ нахустин намояндаи силсилаи собирия ба шумор меравад, ки соҳиби таълифот буда, тариқаи мазкур аз дасти ӯ назму тартиб ва интишор ёфтааст. Аз ӯ чандин асар ба форсӣ, арабӣ ва ҳиндӣ боқӣ мондааст. Ӯ бар «Аворифу-л-маориф» шарҳе ба забони арабӣ навиштааст. Аз ҷумлаи таснифоти ӯ «Анвору-л-уюн фӣ асрори мактуб» (Лакҳнав, 1875), «Рисолаи қудсия», «Ғароибу-л-фавоид», «Рушднома», «Мазҳару-л-аҷоиб», «Мактуботи қудсия», «Иршоду-т-толибин», «Қуррату-л-уюн» ва «Нуру-л-ҳудо» мебошанд. Абдулқуддуси Гангӯҳӣ аз ҳомиёни вафодори ваҳдати вуҷуд буда, дар таснифоти худ ба таъриф ва шарҳу тавзеҳи он таваҷҷуҳи зиёд кардааст, вале дар баробари ин ба пайравӣ аз шариат таъкид доштааст. Ба гуфтаи писараш шайх Рукнуддин, «чунон дар шаръи муҳаммадӣ ва дар ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат росихулқадам буданд, ки заррае аз шаръ таҷовуз намекарданд». Маъхазҳо дар бораи улуми зоҳириву ботинӣ ва ваҷду самоъи Абдулқуддуси Гангӯҳӣ маълумот дода, ӯро соҳиби илму амал ва завқу ҳаловати ирфонӣ муаррифӣ кардаанд. Абдулқуддуси Гангӯҳӣ илова ба тариқаи собирия аз силсилаи чиштияи низомия, қодирия, суҳравардия ва кубравия низ хирқаи хилофат пӯшида, иҷозаи иршод доштааст. Абдулқуддуси Гангӯҳӣ дар таълифоташ аз ашъори форсӣ-тоҷикӣ порчаҳо оварда, худ низ бо тахаллуси «Аҳмадӣ» шеър мегуфтааст ва баъзе ашъораш дар тазкираҳо ёд шудаанд.
Писарони Абдулқуддуси Гангӯҳӣ (шайх Маҷдуддин, шайх Абдулмаҷид ва шайх Рукнуддин) баъди падар бо дарбори шоҳӣ робитаи расмӣ барқарор кардаанд. Абдулқуддуси Гангӯҳӣ муридони зиёде дошт; шайх Ҷалолуддини Таҳонирӣ, шайх Абдулғафури Аъзампурӣ, шайх Абдулазизи Каронавӣ, шайх Абдусаттори Саҳортпурӣ, шайх Абдулаҳад (падари Аҳмади Сарҳиндӣ) аз ҷумлаи халифагони маъруфи Абдулқуддуси Гангӯҳӣ мебошанд. Баъди Абдулқуддуси Гангӯҳӣ силсилаи чиштия мутамарказии худро аз даст дод ва шайхони он озодона, тибқи равиш ва истеъдоди худ, бидуни сарпарастии марказӣ фаъолият мекарданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش). بخش دوم. تهران، ١٣٧٥ ش.؛
- حشمت الله ریاضی. شکوفه های عرفان در بوستان هندوستان. سیر عرفان و تصوف اسلامی در هند. تهران، ١٣٩٠ ش.ر
Сарчашма
вироиш- Гангӯҳӣ / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.