Бетоб Абдулҳақ Суфӣ (форсӣ: عبدالحق بیتاب‎; 1888, Кобул — 1969, ҳамон ҷо) — шоир, адиб ва сӯфии афғонистонӣ, устоди адабиёти дарӣ ва маликушшуарои асри худ.

Абдулҳақ Бетоб
Таърихи таваллуд: 1888
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1969
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Таълими ибтидоиро дар оила гирифта, сипас дар мадраса улуми динӣ, адабиёти форсӣ ва арабиро омӯхт. Аз соли 1918 дар мактабу мадрасаҳо ба таълиму тарбия шуғл варзида, солҳои охир профессор Донишгоҳи Кобул буд. Дар шеър аз сабки ҳиндӣ пайравӣ мекард, вале мекӯшид матлабро содатар баён намояд. Соли 1952 ба гирифтани унвони маликушшуаро мушарраф гардид. Баъзе шеърҳояш дар матбуоти Тоҷикистон ва маҷмӯаҳои ашъори шоирони Афғонистон («Намунаи ашъори шоирони муосири афғон», 1958) ба табъ расидаанд.

Адабиёт

вироиш