Абдуннабӣ Завқӣ (қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.

Абдуннабӣ Завқӣ

Зиндагинома

вироиш

Шахси таҳсилкарда, огоҳ аз улуми динӣ будааст. Дар манбаъҳои адабӣ ӯро устоди комили шеър тавсиф намудаанд. Ғазалу қасида месурудааст. Дар як қасидааш таърихи сохта шудани бинои масҷидеро дар Кӯлоб ва ояҳоро аз Қуръон овардааст.

Абёти зер намунае аз навиштаҳои ӯст:

Малоф, наргиси берангубӯ, ту бо гули сурх,
Ки ҳаст мазҳари анвори Мустафо гули сурх.
Чӣ сон ба рутбаи файзаш расад дигар, ар боз
Диҳад ба гулшани ҷон бӯи Муртазо гули сурх.
Агарчи лолаву райҳон муфарриҳи дилҳост,
Бувад ба чашми яқин нури дидаҳо гули сурх...
Зи сайри ӯ ҳамаро ғунчаи мурод шукуфт,
Ба кори бастаи мардум гиреҳкушо гули сурх.
Ба мавсимаш ҳама халқи надида дида шаванд,
Ки ҳаст сурати ҷоми ҷаҳоннамо гули сурх...

Адабиёт

вироиш