Абдураҳмон Қодиров

Абдураҳмон Қодиров (Қодиров Абдураҳмон Ҳафизович; 21 марти 1949, деҳаи Хуҷамарди ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — кимиёдон, доктори илмҳои химия (1997), профессор (2006), узви Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон.

Абдураҳмон Қодиров
Қодиров Абдураҳмон Ҳафизович
Таърихи таваллуд 21 март 1949(1949-03-21) (75 сол)
Зодгоҳ деҳаи Хуҷамарди ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ
МД Институти гастроэнтерология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия (1977)
доктори илмҳои химия (1978)
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ (2006)
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1966-1971)
Ҷоизаҳо Ҷоизаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ дар соҳаи илм ва техника (2009)

Зиндагинома

вироиш

Абдураҳмон Қодиров 21 марти соли 1949 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Фаоълияти кориашро соли 1971 баъд аз хатми факултаи кимиёи (УДТ) ДМТ дар озмоишгохи химияи нафти Пажуҳишгоҳи кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Соли 1972 Қодиров ба аспирантура дохил шуда, адои рисолаи номзадиашро дар Пажуҳишгоҳи синтези кимиёвии маводи нафти ба номи академик А. Н. Топчеви шаҳри Маскави ФР ва озмоишгоҳи кимиёи нафти Пажуҳишгоҳи химияи АИ ҶТ ба сомон расонида, дар соли 1978 рисолаи номзадиашро дар мавзуъи «Нитро-и аминипроизводные 1-тиаинден- и 1-тиаиндансульфонов и синтез на их основе» дифо карда, дар озмоишгоҳи кимиёи нафти Пажуҳишгоҳи кимиёи АИ ҶТ ба сифати корманди хурди илми фаъолият намудааст. Соли 1979 аз руи натиҷаҳои озмун ба ҳайси ходими калони илмӣ ва баъдтар ба вазифаи мудири шуъбаи биокимиёви клиникавии Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ ҶТ гузашта фаъолият намудааст. Соли 1988 бо қарори Приздуми АИ СССР аз 31.05 1988 таҳти № 453 бо гирифтани унвони ходими калони илми сазовор гаштааст. Соли 1997 Кодиров А.Ҳ рисолаи докториро дар мавзуъи «Синтез, свойства и биологическая активность нитробензо/в/тиофен- и 2,3-дигидро бензо/в/тиофен −1,1-диоксидов» дифо намудааст. Собиқаи илмию омузгории Абдураҳмон Қодиров 46 солро дар бар мегирад. Ҳамчунин Абдураҳмон Қодиров дар давоми 9 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар кафедраи кимиёи биорганики ва физколлоиди лексия ва дарсҳои амалию таҷрибави гузаронидааст. Ҳоло Абдураҳмон Қодиров аз руйи се ихтисос ба магистрони соли аввал дарсҳои лексиони ва таҷрибавӣ гузашта истодааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Абдураҳмон Қодиров яке аз беҳтарин олими сермаҳсул ба шумор рафта фаъолияти кориашро дар самтҳои гуногуни соҳаҳои кимиё, биокимиё ва кимиёи дорусози ривоҷу равнақ дода истодааст. Фаъолияти илмию-амалии ӯ асосан дар бораи созмон додани маводи доругие, ки барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар ва санги талхадон, равона шудаанд, дар асоси баъзе стероидҳо ва рустаниҳои шифобахши ватанӣ ҳосил карда шудаанд. Ҳоло профессор Абдураҳмон Қодиров тадқиқотҳои асосиро дар бораи созмон додани маводе, ки қобилияти баланди литилитикӣ, гипохолестеринимикӣ, гиполипидемикӣ ва гепатопротекторӣ доранд давом дода истода ба якчанд натиҷаҳои хуби илмию-амалӣ ноил гаштааст, ки сазовори бисёр патентҳо, медалҳо ва ифтихорномаҳо гаштааст.

Таҳлилу тадқиқи озмоишгоҳии маводи доруворие, ки дар асоси баъзе стероидҳо синтез карда шудаанд, яке аз самтҳоест, ки дар он профессор Абдураҳмон Қодиров солҳои тулонӣ заҳмат кашидааст, умед аст, ки дар оянда фаъолияти илмию тадқиқотии ӯ мавриди истифодабари қарор хоҳад гирифт.

Абдураҳмон Қодиров усули беҳтари муайян кардани миқдори туршобаҳои ҳолатӣ, олии карбони ва холестринро дар таркиби хун ва заҳраи талхадони беморони гирифтори бемориҳои стеатози ҷигар дар ҳама зинаҳои авҷгириаш ва стеатогепатит, инчунин бемориҳои санги талхадон бо ёрии усули хроматографияи гази тадқиқ кардааст, ки натиҷаҳои онро барои ташхис ва беҳтар муолиҷа намудани беморони номбаршуда истифода мебаранд.

Усули технологӣ ҷудо кардани туршобаи ҳолат аз таркиби заҳраи талхадони ҳайвоноти шохдори калон, низ заҳмати кори тадқиқоти Абдураҳмон Қодиров мебошад, ки онро ҳамчун ашиёи аввалия барои таёр намудани маводи доругӣ барои бемориҳои ҷигар ва санги талхадон истифода бурда мешавад.

Саҳми намоёни дигари Абдураҳмон Қодиров дар бораи созмон додани маводи доругие мебошад, ки хосияти заҳраравони, литолитикӣ, гипохолестренимикӣ ва гепатопротекторӣ дорад. Ин мавод дар асоси рустаниҳои шифобахши Ватанӣ тайёр карда шуда дар истеҳсолот ҷори карда шудаанд. Маводи «Триоин», «Урсослит», марҳами «Сино», нақеи «Ромит», нақеъи «Фитосуман» марҳами муъҷиза, маводи доругии «Фитозид» бинобарон хосияти баланди доругӣ доштанашон сазоваори патентҳои Авруосиёги ва Ҷумхурии Тоҷикистон гаштаанд.

Абдураҳмон Қодиров дар остонаи Пажухишгохи кимиё намоишгохи маводи доругие, ки дар асоси рустанињои шифобахши Ватани таёр кардааст ба намоиш гузоштааст, ки ин як иқдоми хосае дар бораи алоқамандии илм бо истеҳсолот мебошад.

Профессор Абдураҳмон Қодиров дар соҳаи кимиёи стероидӣ шогирдони зиёде таёр кардааст, таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 11 нафар рисолаҳои номзадиро дар соҳаҳои кимиёи органикӣ, кимиёи биологӣ, кимиёи дорусози ва фармакология дифо намудаанд. Тадқиқотҳои илмии Абдураҳмон Қодиров имрузҳо на танҳо дар дохили кишвар маъруфият дорад, балки шуҳрати хориҷи касб кардааст.

Натиҷаҳои илмии мувафақиятноки Абдураҳмон Қодиров ба ӯ имкон додааст, ки ба як чанд муасиссаҳои илмии Русия, ба монанди Пажуҳишгоҳи кимиёи органики ба номи Н. Д. Зеленский, Пажуҳишгоҳи идоракунии ва муҳофизати пусти шаҳри Аустини ИМА, Озмоишгоҳи тайёркунии маводи шустушуи корхонаи калони шаҳри Кавзини Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои дутарафа дорад.

Абдураҳмон Қодиров аъзои шурои олимон, аъзои шурои дисертатсиони Д047.003.02 дар назди Пажуҳишгоҳи кимиёи ба номи В. И. Никитини АИ ҶТ, аъзои Шурои диссертатсионии БД. КОА-003 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhO), доктор аз руи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6Д060600-химия, 6Д072000-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганики дар назди ДМТ, инчунин аъзои Шурои дисертатсиони дар назди Пажухишщгохи Гастроэнтерологияи ВТ ва ХИА Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

Вай дар байни колективи Пажуҳишгоҳ ва дар байни кимиёшиносон, биёкимиёшиносон, фармакологҳо ва дигар кормандони мактабҳои олии ҷумҳури ҳурмату эҳтиром дорад ва уро низ ҳамчун омузгори болаёқат мешиносанд. Ҳоло Абдураҳмон Қодиров аз руйи се ихтисос ба магистрони соли аввал дарсњои лексиони ва таҷрибавї гузашта истодааст.

Осори илмӣ

вироиш

Ба қалами Абдураҳмон Қодиров беш аз 225 номгӯи таълифоти илмӣ, аз ҷумла 4 монография, ва 1 патенти Авруосиёгӣ зиёда аз 20 патент, 4 дастурамали методи барои донишҷуён ва 4 ихтирооти дар амал татбиқгашта дорад, ки таввасути нашрияҳои ватани хориҷи ба таъб расидааст.

Китобҳо (монографияҳо)

вироиш
  1. Синтез и биологическая активность некоторых производных желчных кислот (монография), (для студентов и аспирантов медицинских, химических и биологических ВУЗов). Кадыров А. Х., Хайдаров К., ХГиёсов А. Ш.
  2. Нитро-,амино-и N-аминопроизводные бензо /в/ тиофен-и 2,3-дигидробензо/ва/тиофен1,1-диоксидов (монография), (для студентов аспирантов химиков-органиков). Кадыров А. Х., Бобогарибов Б.
  3. Усулҳои тахлили физики-кимиёи (воситаи таълимии ёрирасон). Методическая разработка для студентов ВУЗов. Кадыров А. Х., Зубайдов С., Табаров А. К.
  4. «Кимиёи умуми» (Методическая разработка для студентов заочного отделения) Кадыров А. Х., Табаров А. К.
  5. Фито-диетотерапия почечнокаменной болезни с позиций современной медицины. Джураев Х. Ш., Сафаров Х. С., Кадыров А. Х.
  6. Фармако-биохимическое действие «Триоин»-а и настойки «Ромит»-а. Кадыров А. Х., Холов Ё. К.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо

вироиш
  • Мукофоти АИ ҶТ ба номи С. У. Умаров дар соҳаи илм ва техника, ки дар соли 2009 профессор Абдураҳмон Қодиров сазовор гашт ва барои ихтирои маводи доругии «Урсослит», Фитосуман, нақеи «Ромит» ва «Тозилоксиэфир» бо медали тилоии созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳни «Женева» дар соли 2015-сарфароз гардидааст, ки аз натиҷаҳои бузурги илми ва амали корҳои ӯ шаҳодат медиҳад.

Пайвандҳо

вироиш