Абдурозиқ (овозхон)

Абдурозиқ Савриқул Муҳаммадрозиқӣ (Абдурозиқ Эгамов; 3 сентябри 2003, Ғиждарва, ноҳияи Панҷакент, Тоҷикистон) — овозхон, муштзан, блогер ва шоумени тоҷик.

Абдурозиқ
Абдурозиқ Эгамов
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Абдурозиқ
Таърихи таваллуд 3 сентябр 2003(2003-09-03) (21 сол)
Зодгоҳ Ғиждарва, ноҳияи Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2019 — то кунун
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) рэпсаро, овозхон, блогер, шоумен
Номи мустаъор Абду
abdurozik.ae
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Абдурозиқ 3 сентябри соли 2003 дар деҳаи Ғиждарваи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар хонаводае бузург шуд, ки ба қавонини суннатии исломӣ пойбанд буданд[1]. Абдурозиқ дар хурдсолӣ бемор мешаваду пас аз он дигар ҷисмаш бузург нашуд. Ӯ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад[2].

Дар шоу-бизнес

вироиш
 
Абдурозиқ дар Болливуд, Ҳиндустон соли 2022

Абдурозиқ сурудҳои тоҷикӣ ва ҳиндиро бозхонӣ мекард, шавқ ва қобилияти овозхонӣ низ дошт. Пас аз дидани наворе дар шабакаи Instagram, ки дар он Абдурозиқ суруд мехонд, Baron бо вай ҳамкориро оғоз кард ва ин боиси шуҳратёр шудани Абдурозиқ гардид[3][4].

Ӯ пас аз нишасти матбуотии блогерон ба ҳамроҳии Хасбуллоҳ Магомедов шуҳрати бештаре касб кард.

  1. Максим. Абдурозик – биография, фото, личная жизнь, песни, бой, сейчас(рус.). SteepMEN (11 Январ 2022). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Sputnik Тоҷикистон. Интизори набард: Абдурозиқ навор нашр карду интиқод шунид - видео(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (29 май 2021). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
  3. Watch:Tajik Internet sensation Abdu Rozik trades mic for boxing mitts. Gulf News.
  4. Ar Rehman Listen to Abdu Rozik. Hindustan Times.