Абдурраб Расули Сайёф
Устод Абдурраб Расули Сайёф (пашту: عبدالرب رسول سياف, зод. 1946, Пағмон[d], Подшоҳии Афғонистон) — ҷангсолор[1], сиёсатмадор ва фармондеҳи собиқ муҷоҳидини Афғонистон. Ӯ дар ҷанг алайҳи давлати Ҳизби демукротики халқ дар даҳаи 1980 ширкат кард ва раҳбарии ҷиноҳи муҷоҳидини афғон Танзими даъвати исломии Афғонистонро бар уҳда дошт.
Таваллуд |
1946 |
---|---|
Ном ҳангоми таваллуд |
форсӣ: عبدالرب رسول سياف англ. Ustad Abdul Rab Rasul Sayyaf |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАбдурраб Расули Сайёф соли 1944 дар хонаводае аз қавми паштун дар дараи Пағмон дар вилояти Кобул ба дунё омад. Вай фориғуттаҳсили риштаи «шариъати исломӣ» аз Донишгоҳи Кобул дар соли 1967 аст. Дар соли 1971 барои идомаи таҳсил роҳии Миср шуд. Пас аз дарёфти мадрак фавқуллисонс аз донишкадаи ҳадиси Донишгоҳи Ал-Азҳар ба Афғонистон бозгашт.
Сайёф дар даҳаи 1970 ба ихвонулмуслимини Афғонистон пайваст, ки Бурҳонуддин Рабонӣ ва Гулбидин Ҳикматёр ба тозагӣ онро таъсис карда буданд. Дар соли 1974 қасди сафар ба Амрикоро дошт, аммо ба иттиҳоми инки узви гурӯҳ «Неҳзат ҷавонони мусулмон» буд, тавассути пулиси Афғонистон боздошт шуд ва шаш сол дар зиндон буд. Дар 1979 ба таври ногаҳонӣ озод шуд. Соли 1980 риёсати Иттиҳодияи созмонҳои ҷиҳодии Афғонистонро бар уҳда гирифт. Пас аз фурӯпоши ин иттиҳодия, як ҳизби сиёсии нав ба номи «Ҳизби иттиҳоди исломии муҷоҳидини Афғонистон» таъсис кард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Sophie Mühlmann. Kriegsfürst: 9/11-Drahtzieher will afghanischer Präsident werden, DIE WELT (4 октябри 2013). Проверено 10 сентябри 2021.