Абдурраҳими Дамовандӣ
Абдурраҳим Муҳаммад ибни Юнуси Дамовандӣ (форсӣ: عبدالرحیم بن محمد یونس دماوندی[1][2]; ? — 1782, Карбало) — ҳаким ва орифи форс-тоҷик, шогирди Мулло Муҳаммадсодиқи Ардистонӣ.
Абдурраҳими Дамовандӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишПас аз ронда шудани Ардистонӣ аз Исфаҳон Абдурраҳими Дамовандӣ ба Карбало ҳиҷрат карда, дар он ҷо сокин шуд. Бештари осори Абдурраҳими Дамовандӣ ба шарҳу тафсири фалсафӣ ва ирфонии оёти Қуръон бахшида шудааст. Муҳимтарин асари Абдурраҳими Дамовандӣ китоби «Мифтоҳи асрори ҳусайнӣ» (ба форсӣ) соли 1792 дар Карбало таълиф гардида, дар шарҳи асмои илоҳӣ аст. Он масъалаҳои зерро дар бар мегирад: исботи сонеъ, айнияти воҷибулвуҷуд, фарқ миёни илму маърифат ва олиму ориф, мурооти мақом, таҳқиқи руъят ва анвои таҷаллиёти илоҳӣ, баёни исломи комил, таҳқиқи вуҷуди Маҳдӣ, муҳосабаи нафс, таваҷҷуҳ ва ғ. Он соли 1977 дар Теҳрон чоп шудааст. Абдурраҳими Дамовандӣ аз орифон ба Маҳмуди Шабистарӣ ва Ибни Арабӣ таваҷҷуҳи бештар доштааст. Асарҳои дигари Абдурраҳими Дамовандӣ: «ал-Қазо ва-л-қадар» (ба арабӣ), «Фуюзоти ҳусайния» (дар калом ва эътиқодот; ба форсӣ), «ал-Муъмин ва аломотуҳу ва сифотуҳу» (ба арабӣ), «Шарҳи ҳадиси раъсу-л-Ҷолут» (ба форсӣ), рисолаи «Ваҳдату-л-вуҷуди ва-л-мавҷуди ло юнофӣ-л-мазҳаба-л-ҳаққа» (ба арабӣ).
Эзоҳ
вироиш- ↑ عبدالرحیم بن محمد یونس دماوندی | کتابخانه مجازی الفبا. alefbalib.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ دماوندی عبدالرحیم بن محمدیونس. دایرة المعارف اسلامی.
Адабиёт
вироиш- Дамовандӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.