Абдусалом Қурбонов
Абдусалом Каримович Қурбонов — ходими давлатӣ, собиқ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013).
Таваллуд |
9 феврал 1959 |
---|---|
Даргузашт | 20 июл 2021 (62 сол) |
Зиндагинома
вироишҚурбонов Абдусалом Каримович 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллат: тоҷик. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.
Корнома
вироишФаъолияти кориашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хидмат кардааст.
Солҳои 1984-1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2006 дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Барои фаъолияти кориаш бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.[1] Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қурбонов А.К.(тоҷ.). www.president.tj. 20 май 2024 санҷида шуд.