Зулфиқор Абдусатторов

(Тағйири масир аз Абдусатторов Зулфиқор)

Абдусатторов Зулфиқор (26.12.1935, Исфара-04.01.2000, Исфара), муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ (1967), дотсент (1970). Аз оилаи деҳқон. Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1958). Абдусатторов фаъолияти кориашро соли 1958 ҳамчун бригадири парки трактории колхози ба номи Сталини ноҳияи Исфара оғоз кардааст. Омӯзгор, омӯзгори калон, мудири кафедра, декани факултаи ИПТ (1960—1976), директори техникуми саноати хӯрокворӣ, ректори МОТТИ, директори КТИ (1976—1999). Таҳти рохбарии Абдусатторов 2 нафар рисолаҳои докторӣ ва 10 нафар номзадӣ ҳимоя намудаанд. Дар бунёди пойгоҳи моддию техникии мактаби олии Исфара (МОТТИ)саҳми беандоза дорад. Муаллифи зиёда аз 40 рисолаву мақолаҳои илмӣ ва илмиву методӣ мебошад. Депутати Шӯрои шаҳрӣ (1987,1995) ва Шӯрои Олии ҶТ даъвати дувоздаҳум интихоб шудааст. Хидматҳояш бо медалу ифтихорномаҳо қадр гардидаанд. Китоби М. Пӯлодзода «Марди қолабшикан» дар бораи рӯзгор ва фаъолияти кории А. нақл мекунад. Дар КТИ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст (2003).

Зулфиқор Абдусатторов
Сурат